Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи ваколати сафир то куҷост?


Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон - ҳизби демократ, ҳизби сотсиал-демократ ва ҳизби сотсиалистӣ аз Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар шаҳри Душанбе тақозо кардаанд, ки аз ваколатҳои хизматиаш берун наояд. Роҳбарони ин аҳзоб бо пахши як баёния гуфтанд, ки ҳеҷ як намояндаи дипломатӣ ва кишвари хориҷӣ ҳаққи дахолат ба умури дохилии давлати дигарро надорад.
Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон чанд рӯз пеш дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки Маскав дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рақиби баробарвазн бо Эмомалӣ Раҳмоновро намебинад. Сафири Русия ҳамчунин иброз дошт, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бояд ифодагари ҷонибдории мардум аз сиёсати феълии Эмомалӣ Раҳмонов гардад. Дар баёнияи аҳзоби сиёсӣ омадааст, Рамазон Абдулатифов мавқеи худро ба мавқеи давлати Русия мувофиқ донистааст, ки ин берун аз салоҳияти як сафири кишвари бегона аст. Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон мегӯяд:

Хуб, инро метавон то андозае мавқеи як сафир, ё як кишвари хориҷӣ нисбат ба маъракаҳои сиёсии як кишвари соҳибистиқлол номид, аммо вақте оқои Абдулатифов мегӯяд, ки «Агар касе ба ин мувофиқ нест, метавонад ҳамроҳ бо он номзаде, ки шоистатар медонад, ба назди ман биёяд», ба назар чунин мерасад, ки ҷаноби Абдулатифов на сафир, балки Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аст.
Ба таври дигар гӯем, сафири Русия дар Тоҷикистон маъракаи оғознашудаи интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистонро шурӯъ кардааст, ки ин аз чаҳорчӯби ваколати сафир берун аст. Агар ҷаноби Рамазон Абдулатифов ин қадар дилсӯзи мардуми Тоҷикистон бошад, беҳтар мебуд агар дар бораи он ҳазорон ҳазор муҳоҷирони кори тоҷик, ки дар Русия аз оддитарин ҳуқуқҳои хеш бархурдор нестанд, сухан мекард.


Ҳамзамон Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, дар ин кишвар номзадҳои арзанда ба маснади президентӣ ҳастанд, аммо онҳо имкони тарғиб кардани барномаҳои худро надоранд:

Ман аслан ба андешаи сафири Русия дар Тоҷикистон розӣ нестам. Чизе, ки сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, аслан дар таърихи муносиботи дипломатии Русияву Тоҷикистон чизи нав нест. Зеро ҳам дар давраи шӯравӣ ва ҳам баъди он, ҳукумати Русия кӯшиш мекунад, ки новобаста аз табиати низомҳои мавҷуда, бештар ба ҳукумати расмӣ такя кунад.

Ва аммо Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар посух ба изҳороти аҳзоби мухолифи Тоҷикистон гуфт, ки мавқеи худро дар нишасти хабарӣ баён карда буд ва чизе ба он афзудан намехоҳад.
Роҳбарони ҳизбҳои демократ, сотсиал-демократӣ ва сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчунин бо ирсоли як нома ба унвони вазорати хориҷаи Тоҷикистон хостори он шудаанд, ки нисбат ба сафироне, ки аз чаҳорчӯби ваколатҳояшон берун мераванд, мавқеи хешро рушан созад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG