Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои аввалия ба осебдидагони фоҷиаи Ҷиргатол


Бино ба иттилоъи ситоди минтақавии вазъи изтирорӣ дар водии Рашт, ба осебдидаҳои офати табиии ахир дар ноҳияи Ҷиргатол кӯмакҳои аввалия иборат аз маводи озуқа, либос ва хайма расонида шуд. Мирзо Зиёев, вазири вазъи изтирории Тоҷикистон зимни боздид аз маҳали фоҷиа кумакҳоро ба мардуми зарардида супурд.
Дар ҳоле, ки мардуми осебрасида манзилҳои хешу ақрабои худро макони зисти муваққат қарор додаанд, хаймаҳои воридшуда фақат барои ҳифзи ашёи боқимондаи хонадони онҳо мусоидат кардааст. Ҳамзамон бо як қарори ҳукумати ноҳияи Ҷиргатол ба ҳар оилаи осебдида дар қадами аввал ба маблағи ҳазор сомонӣ кӯмак расонида мешавад. Тибқи ҳисоби пешакӣ, ҳаҷми хисороти ворида аз офати табиӣ дар Ҷиргатол беш аз 1, 5 миллион сомонист. Барфрезиҳои ахир хисоротеро ба навоҳии Рашту Тоҷикобод низ ворид кардааст.
Субҳи 31 январ болои як деҳаи ноҳияи Ҷиргатол тарма фуромад, ки боиси ҳалокати 18 нафар - 8 мард, 5 зан ва 5 тифл гардид.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG