Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заррабин: Таҳқиқоти журналистӣ


Муҳаққиқони рӯзноманигории тоҷик шодравон Отахон Латифиро нахустин журналисти таҳқиқгар дар матбуоти тоҷик ном мебаранд. Ба иддаои бархе аз соҳибназарон, Отахон Латифӣ аз барҷастатарин муҳаққиқони масъалаҳои иҷтимоист ва нигоштаҳои ӯ дар мавриди ҳаёти фарҳангии мардуми Бадахшон беҳтарин маводи таҳқиқотӣ шинохта шудаанд. Феълан, Нуралӣ Давлат, муҳаррири масъули нашрияи «Миллат» ва Олга Тутубалина, муовини сардабири «Asia-Plus» ҳамчун муҳаққиқони асрори таърих, мусоҳаба-лавҳаҳои Додоҷони Атовулло аз беҳтарин таҳқиқоти психологии ин ё он шахсият ҳисобида мешавад.

Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ дар матбуоти тоҷик аслан, ки таҳқиқоти журналистӣ ба назар намерасид. Рӯзноманигорон барои таҳқиқи ҷиноятҳои сиёсӣ, ошкор кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ, таҳқиқи фасод ва даромадҳои ғайриқонунии мақомоти баландпоя ва таҳқиқи мушкилоти эколожӣ ва асрори таърих, ба истилоҳ «чашми тарс» доштанд ва аз пайомадҳои ногувори таҳқиқоташон нигарон буданд. Ҳамакнун бархе аз рӯзноманигорони тоҷик ба таҳқиқи асрори таърих даст мезананд. Ба иддаои онҳо, дар ҳоли ҳозир танҳо таҳқиқи ин масъала ба амнияти рӯзноманигорон чандон таҳдид намекунад, аммо барои таҳқиқи навоқиси фаъолияти ҳукумати кишвар, масҷидҳо, сохторҳои тиҷоратӣ, хадамоти қудратию пулис ва шаффофияти кори додгоҳҳо, ба андешаи рӯзноманигорон, ҳанӯз заминаи мусоид фароҳам наомадааст.

Тобистони соли 2005 барои нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти журналистӣ таъсис ёфт. Раиси ин марказ, Хуршеди Атовулло мегӯяд, бо ин вуҷуд ки кормандони ин марказ аслан ҷавонони 22 - 25-солаанд, тайи чанд моҳи фаъолият 21 таҳқиқи журналистӣ дар мавзӯъҳои криминолӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ гузаронидаанд. Ба гуфтаи оқои Атовулло, мавзӯъҳои таҳқиқ кам нестанд, аммо шароит барои таҳқиқ на ҳамеша мусоид аст:

«Барои гузаронидани як таҳқиқоти журналистӣ аввал ин ки хароҷоти зиёд лозим аст ва дуюм, вақти бисёр. Ва имрӯз дар Тоҷикистон ВАО-е, ки тавонанд аққалан хароҷоти ҳамон як таҳқиқоти журналистиро ба пажӯҳишгар пардохт кунанд, нестанд. Барои чӣ дар давраи Шӯравӣ жанри таҳқиқоти журналистӣ ҳамчун як жанри мустақил шинохта нашуд? Гап дар сари он аст, ки худи калимаи «таҳқиқ» («расследование») ва ин ки журналистон ин таҳқиқро мегузаронанд, ин як гуна шарафи мақомоти тафтишотии моро гӯё паст мекард дар давраи Шӯравӣ. Ҳоло ҳам вақте мо ба баъзе ҷойҳо муроҷиат мекунем, ҳамин ки мефаҳманд мо таҳқиқи журналистӣ доир мекунем, бисёриҳо бар ин назаранд, ки ба ин кор танҳо бояд мақомоти тафтишотӣ машғул шаванд.»

То ҳанӯз доир ба жанри таҳқиқи журналистӣ ҳеҷ як аз муҳаққиқони рӯзноманигории тоҷик асари ҷудогона таълиф накардааст. Сангин Гулов, устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки ба пажӯҳиши ин жанри таҳлилӣ пардохтааст, мегӯяд, ҳанӯз даҳсолаҳо қабл ҷузъиёти таҳқиқи журналистӣ дар баъзе жанрҳои таҳлилии матбуот мушоҳида мешуд, журналистон дар навиштани матлаби худ дар қолаби жанрҳои дигар ба таҳқиқи масъалаҳои норӯшан ва камомӯхти маводашон рӯ меоварданд. Вале бо дигаргун шудани авзоъ ва бо гузашти давру замон ҳамчун жанри мустақили таҳлилӣ шакл гирифт:

«Яке аз шартҳои асосии таҳқиқи журналистӣ, ин ифшо кардани маълумотест, ки касе, ё созмоне, ё ниҳоде мехоҳад, онро пинҳон дорад. Ва журналист бояд кӯшиш кунад, ки онро ёбад ва ба ҷомеа пешниҳод кунад, ба ҷуз ифшои сирри давлатӣ ва шахсӣ. Таҳқиқи журналистӣ ва пайомадҳои он набояд ба амнияти давлат ва амнияти шахсӣ таъсир расонад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар таҳқиқи журналистӣ бархӯрди манфиатҳо, яъне баробарвазнии тарафҳо бояд риоя карда шавад.»

Дар ҳамин ҳол, худи рӯзноманигорони тоҷик ҳам бар ин назаранд, ки таҳқиқоти мавзӯъҳои криминолӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз сӯйи кормандони расонаҳои гурӯҳӣ ба таври ғайрикасбӣ сурат мегиранд. Олга Тутубалина, муаллифи шумори афзуни таҳқиқоти журналистӣ дар ин робита мегӯяд:

«Бояд бигӯям, ки дар кишвари мо касе ба таҳқиқоти ҳирфаӣ машғул намешавад. Ба ин ақида қариб тамоми рӯзноманигорони Тоҷикистон розиянд. Мепурсед, ки чаро? Барои гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ вақти зиёд ва муҳимтар аз ин, маблағи зиёд масраф мешавад. Ин гуна имконот дар мо нестанд. Аз ин рӯ, ман барои пайдо кардани маълумоти лозима аз усулҳои дигар истифода мекунам. Масалан, шиносҳоям дар мақомоти Тоҷикистон зиёданд ва аз онҳо хоҳиш мекунам, ки барои дастрасӣ ба иттилоъи пӯшида ва санадҳои таърихӣ ба ман мусоидат кунанд. Вале баъзан мешавад, ки шаҳрвандони қаторӣ дар бораи муаммоҳои рӯз бештар аз мақомот маълумот доранд. Фақат онҳоро пайдо кардан ва бо онҳо забон ёфтан лозим. Ва боз хеле муҳим аст, ки журналисти таҳқиқгар ҳатман дар мақомот ба истилоҳ «пуштибони худро» дошта бошад, то ки дар лаҳзаҳои зарурӣ амнияти ӯро таъмин кунанд.»

Алишер Охунов, рӯзноманигори ҷавон, ки бештар дар вилояти Суғд ба таҳқиқоти журналистӣ сарукор мегирад, мегӯяд, барои таҳқиқи мукаммали як мавзӯъи норӯшан ба вай аз се то шаш моҳ лозим аст. Дар қаламрави ин вилоят масоили амнияти эколожӣ ва шаффофияти кори мақомот аз мавзӯъҳои аслии таҳқиқоти журналистӣ метавонад бошад. Аммо дар ҳоле ки аксари рӯзноманигорони ин музофот аз навиштани ҳатто як мақолаи таҳлилӣ худдорӣ мекунанд, табиист, ин мавзӯъҳо камомӯхт ва пӯшида боқӣ мемонанд:

«Бештари журналистон меҳаросанд, ки таҳқиқоти журналистӣ гузаронанд. Барои таҳқиқот гузаронидан пеш аз ҳама, бояд ба иттилоот дастрасии хуб дошт, ки ин мушкили хеле назаррас аст. Ва мушкили дигар, ин тазйиқу фишори ғайрирасмиест, ки ба рӯзноманигорон ва оилаи онҳо расонида мешавад. Ва аз ин рӯ, журналистон ба таҳқиқи масъалаҳои ҷиддӣ даст намезананд.»

Таҳқиқоти журналистӣ натанҳо паҳлӯҳои норӯшани ҳаёти моро ошкор месозад, балки роҳҳои ҳалли мушкилотро низ нишон медиҳад. Ва аммо қазияҳо дар ҷомеаи муосири мо кам нестанд. Барои таҳқиқи ин қазияҳо рӯзноманигорон бояд таҷрибаи кофӣ, дастгирии молӣ ва муҳимтар аз ин, шуҷоату ҷасорати бештар дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG