Пайвандҳои дастрасӣ

Қасди хуруҷи Эрон аз протоколи илҳоқии IAEA


Эрон дирӯз таъсисоти ҳастаияшро аз таҳти назорати созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ берун кашида, эълом кард, ки барномаҳои ғанисозии ураниумашро аз сар мегирад. Ин иқдом як рӯз баъд аз нашри қарори Шӯрои мудирони он созмон аст, ки шубаҳоташ дар бораи эҳтимоли тавлиди силоҳи ҳастаиро думбол кардани Эронро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ) гузориш кард.

Эрон аммо мегӯяд, фанновариҳои ҳастаиро танҳо барои тавлиди нирӯи барқ лозим дорад. Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ, ки рӯзи якшанбе дар Теҳрон сӯҳбат мекард, аз ҷумла гуфт: "Мо нисбат ба протоколи илҳоқӣ ва дигар ҳавзаҳои ҳамкориҳои довталабона ҳеҷ тааҳҳуде надорем. Дар қолаби узвиятамон дар NPT (созишномаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ) ва бар асоси мабонии ҳодмонӣ фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии кишварамонро идома медиҳем."

Маҳофили дипломатӣ мегӯянд, иқдоми ахири Эрон ба оташи баҳси барномаҳои ҳастаии он кишвар равғани бештар хоҳад рехт. Аммо вазири дифоъи Русия Сергей Лавров рӯзи якшанбе ба идомаи талошҳои дипломатӣ дар ин масъала даъват кардааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG