Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи эътирозҳо дар кишварҳои мусалмонӣ


Рӯзи якшанбе издиҳоме, ки дар пойтахти Лубнон шаҳри Бейрут алайҳи нашри тасвири карикатурии пайғамбари Ислом Муҳаммад (а) эътироз мекард, сохтмони намояндагии дипломатии Донмаркро оташ заданд. Ин тасвир, ки расули акрамро ба сурати як марди теғбадаст ва саллаи ӯро мусаллаҳ бо бамб ба қалам медод, аввал дар як рӯзномаи дониёӣ ва дар ин авохир дар матбуоти бисёре аз кишварҳои Аврупо нашр шуда, силсилаи эътирозот дар кишварҳои мусалмонии ҷаҳонро ба бор овард.

Ҳазорон тазоҳургар дар Бейрут пеш аз оташ задани бинои намояндагии Донмарк бо нирӯҳои пулис вориди задухӯрд шуда, баъдан дар ин минтақаи умдатан масеҳинишини пойтахти Лубнон ба як калисо ва чандин мошину мағоза ҳамла оварданд. Вазири дохилаи Лубнон Ҳасан Сабоҳ дар пайи ҳаводиси дирӯза аз мақоми худ истеъфо додааст.

Рӯзи шанбе ҳамин тавр сафоратхонаҳои Донмарку Норвей дар Димишқ оташ зада шуд. Ба думбол ин ду кишвар ба хуруҷи шаҳрвандони худ аз Сурия оғоз карданд. Вазорати хориҷаи Сурия дирӯз дар бораи ин рӯйдодҳо изҳори таассуф ва Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО ин оташсӯзиҳоро маҳкум кардаанд.

Намоишҳо алайҳи чопи тасовири масхаромези пайғамбари Ислом дар Мисру Ироқу Эрон ва дар Белжику чанд кишвари дигар низ мушоҳида шуд. Сарвазири Малайҷӣ Абдуллоҳ Аҳмад Бадавӣ низ нашри онҳоро маҳкум карда гуфт, ин "амали таассуфангез як иғвои тарҳшуда буд". Дар Донмарк ҳудуди 3000 нафар ба раҳпаймоӣ хеста, ҳамаро ба ҳусни тафоҳум дар қиболи ин мавзӯъ даъват карданд. Ва дирӯз Конфаронси кишварҳои Исломӣ розӣ шуд, масъаларо дар мулоқот бо вазири хориҷаи Донмарк Пер Стиг Мюллер дар байн гузорад.
XS
SM
MD
LG