Пайвандҳои дастрасӣ

Саргузаштҳои нави доллару евро дар Тоҷикистон


Бар тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳафтаи равон қимати як доллари амрикоӣ 0,3 дирам боло рафта, вале нархи 1евро 6 дирам коҳиш ёфтааст ва акнун 3 сомонию 87 дирамро ташкил медиҳад. Қимати расмии рубли русӣ бетағйир боқӣ монда, 10 рубл ба ивази 1 сомонию 14 дирам харидорӣ мешавад. Вале ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки арзи миллии Тоҷикистон дар як моҳи ахир майли беқурбшавӣ дорад. Масалан, дар моҳи гузашта қимати расмии арзи амрикоӣ ба 319 сомонию 92 дирам баробар буд. Раҳматшоҳ Додихудоев, сухангӯи Бонки Миллии Тоҷикистон аммо мегӯяд, ин ниҳод таъйинкунандаи қурби асъор дар бозори ин кишвар нест, балки нархи ин бозорро биржаи байнибонкӣ муайян мекунад.

Ва аммо дар саррофиҳои Тоҷикистон қимати асъори хориҷӣ дар қиёс бо як моҳи қабл коҳиш ёфтааст. Ҳамакнун дар саррофиҳои шаҳри Душанбе 100 доллари амрикоӣ муодили 321 - 323 сомонӣ, 100 евро баробар ба 378 - 380 сомонӣ ва 100 рубли русӣ ба ивази 13 сомонӣ харидорӣ мешавад. Қимати аз ҳама баланди арзи амрикоӣ дар саррофиҳои шаҳри Кӯлоб ба мушоҳида мерасад. Дар Кӯлоб ба ивази 100 доллари Иёлоти Муттаҳида 325 сомонӣ медиҳанд. Дар саррофиҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, 100 доллари амрикоӣ ба 322 сомонӣ харида ва ба 324 сомонӣ фурӯхта мешавад. 100 евро ҳудуди 375-377 сомонӣ нарх дорад. Дар саррофиҳои вилояти Суғд ҳам қимати доллари амрикоӣ баробар аст ба 323 сомонӣ, аммо қимати евро назар ба саррофиҳои Душанбею Қӯрғонтеппа арзонтар аст. 100 евро дар шаҳри Хуҷанд ба 370 сомонӣ харидорӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, арзи хориҷӣ дар саррофиҳои водии Рашт хеле арзонтар аз қимати расмӣ ба даст меояд. Масалан, 100 доллари амрикоӣ ба 320 сомонӣ фурӯхта ва ба 321 сомонӣ харида мешавад, 100 евро 368 сомонӣ арзиш дорад. Ва 100 рубли русӣ муодили 107-108 сомонист.

Вале тадриҷан беқурбшавии асъори миллии сомонӣ ба мушоҳида мерасад. Таварруми арзи миллӣ дар соли гузашта панҷ дар сад афзудааст. Дар авоили моҳи феврали соли 2005 100 доллари амрикоӣ ҳудуди 304 сомонӣ арзиш дошт.
XS
SM
MD
LG