Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши хонанда ба матлабҳои мо


Некбахтшоев Н. Озодӣ: Ҳар хабару гузориш дар ин сомона эҳтимолан бо хонда шуданаш фикру андеша ва таассуротеро ба миён меорад. Мо ин номаро нашр мекунем ва аз шумо низ хоҳиш мекунем, агар дар робита ба ҳар хабару гузоришу матлаб фикру ақидае доред, ба мо бифиристед.

Хеле ҷолиб аст:

Хонум Моҳира аз мушкилоти зиёде, ки ҳамватананони муҳоҷирашро, дар Русия дар роҳи дарёфти ҷойи кор ва асноди сабти ном домангир аст, фишору шиканҷаҳое, ки нисбати онҳо бо камтарин баҳона бо истифода аз ноогоҳии эшон аз ҷониби пулис ва корфармоён раво дошта мешавад, чунин ёдовар шуд: "Ба фикри ман, ҳама он созишномаҳое, ки ба имзо мерасанд, миёни ин ду кишвар бештари вақт дар рӯйи коғаз мемонанд. Он афроде, ки аз ҳисоби муҳоҷирини бечора ҷайб пур мекунанд, ин созишномаҳоро ба инобат намегиранд. Боз ҳам фишору азобҳоро нисбат ба ҳамдиёрони мо идома медиҳанд".

Муҳоҷирони тоҷик дар такаллуфи Фонди Русия:

"Рамазон Абдулатифов ҳамчунин дар мавриди таъсиси Бунёдҳо ва имкони ҷалби созмонҳои ғайридавлатии русӣ ба иқтисоди Тоҷикистон афзуд:
Феълан дар ин самт барномаҳои мушаххас мавҷуд нест, вале ҳоло дар Тоҷикистон равандҳои дохилӣ роҳ афтодаанд ва зарур нест, ки барои ин кор мо бунёдҳои махсус таъсис бидиҳем. Ҳамон 600 ҳазор нафар муҳоҷири кории тоҷик, ки дар Русия ҳастанд, худ як навъ фонди мо ба ҳисоб мераванд."

Хеле хуб мешуд, агар оқои Абдулатифов оиди фаъолияти воқеъии ин "фонд" ҳарф мезад, то мушаххас кунад, ки оё Фонд барои ниёзи шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунад ё низомиёни Русия? Чунин ба назар мерасад, ки Русия барои таъмини гардиши мол дар дохили мамлакат аз фонди мазкур ба ҳар восита истифода мебарад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG