Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ мехоҳад аз сиёсати "худдифоӣ" даст кашад


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар як ҳамоиши густарда рӯзи якшанбеи 5-уми феврал натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст кард ва аз омодагии худ ба интихоботи президентии Тоҷикистон хабар дод. Ноиби аввали раиси ҳизб, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бемории ду сарвари ҳизб -- Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода - барои аъзои он як оимтиҳони муҳим буд ва ҳизб бо вуҷуди ин мушкилот, тавонист ҳамчун нируи сиёсӣ ба по истад ва фаъолият намояд. Ҷаноби Кабирӣ гуфт, озмуни дигар барои онҳо интихоботи порлумонӣ буд ва бо вуҷуди фишор ба рӯи номзадҳои ҳизб, он тавонист, натиҷаҳои беҳтаре ба даст орад. Аъзои ҲНИТ гуфтаанд, дар соли интихоботи президентии Тоҷикистон бо як сиёсати нав ба саҳна меоянд, зеро як ҳизб наметавонад, ҳамеша бо шиорҳои сулҳу ваҳдат амал намояд. "Мо аз сиёсати худдифоъкунӣ хориҷ хоҳем шуд", -- гуфт ҷаноби Кабирӣ. ҲНИТ ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки дар интихоботи президентӣ бо номзади худ ширкат хоҳад кард ва ё бо пуштибонӣ аз номзади аҳзоби дигар. Кабирӣ афзуд, ин тасмим ба як тағйир дар қонуни феълии интихобот бастагӣ дорад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG