Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарҳанг дар аҳди ҷаҳоншумулӣ


Сипоси беҳад аз ҳамаи онҳое ки дар баҳси сомонаи интернетии Радиои Озодӣ бо номи "Таъсири фарҳангҳои бегона" ширкат карданд. Номаҳои зиёде ба мо расид ва аксари онҳо дар саҳифа нашр шуданд. Хулосаи онҳо ин аст, ки бархе аз ҳуҷуми фарҳанги ғарбӣ изҳори ташвиш мекунанд, бархе аз он пуштибонӣ ва бархе дигар аз ҳуҷуми бефарҳангӣ ва ё ба истилоҳ фарҳанги рустоӣ дар хашманд. Муаллифи закие бо номи Дилшод, гуфтааст, аввал мебоист, аз чаҳор навъи фарҳанг -- иҷтимоӣ, иқтисодӣ, қонун ва додмандӣ ва диниву шаръӣ муайян мекардем, ки кадоме мавриди баҳс аст ва шарҳи хеле хуби ин намудҳоро бо забони ширину фаҳмо баён доштааст. Сабриддин аз Маскав, Ислом ва Бежан менависанд, иштибоҳи асосӣ ин аст, кимо худ фарҳанги хешро ба дурустӣ намешиносем. Сарагул аслан вазифаро аз дӯши худ ба дӯши Эмомалӣ Раҳмонов партофта, мегӯяд, ман инро муайян карда наметавонам, балки онро сарвари давлат муайян мекунад. Сурайё, Ашӯр Назарзода, Сиёваш ва Ҷамшед аз фарҳанги сарватманди мардуми худ ва омодагии тоҷикон ба пазириши беҳтарин дастовардҳои башарӣ ситоиш кардаанд.
Маслиҳати банда ба шумо ин аст, ки ҳатман ин номаҳоро бихонед, зеро аз тангии фурсат ин дафъа нахоҳем тавонист, аз ҳамаи фикру андешаҳои ҷолибу шавқовару ангезандаву амиқу дилнишину дилгудозу дилрабо ин ҷо ёд кунем.
Аз он ҷо ки бештар аз ҳама ба ин мавзӯъ нома расид, маълум мешавад, масъала барои бисёриҳо ҷолиби диққат аст. Биноан тасмим гирифтем, баррасии онро дар шаҳри Душанбе идома диҳем, дар сӯҳбат бо афроди гуногун ва бо нигоҳ аз зовияҳои мухталиф.
Агар бо пахши тирча дар рӯи рамзи радиои хурду сабз дар охири сарлавҳа барномаро гӯш кунед, мешунавед, ки фикри коршиносон асосан ин аст, ки вуруди навгониҳо ба фарҳангҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон аз хориҷ ба сурати умум як падидаи манфӣ номида шуд. Аммо донишманди тоҷик Ҳақназар Назаров дар ҳамсадоӣ бо ноиби вазири фарҳанг Иброҳими Усмон ақидаеро баён карданд, ки худогоҳ ё нохудогоҳ, гуфтаҳои падари таърих Ҳеродотро ба ёд меорад. Ва онро дӯсти мо Дилшод дар номаи худ нақл кардааст: "Ҳеч нажоде монанди эрониҳо омодагии пазириши расм ва хуи бегонаро надорад." Дилшод дар идомаи номааш менависад, фарҳанг дар одам вобастагӣ ва тааллуқ меофарад. Барои он ки мо худро вобаста ба як ҳамбудгоҳ бидонем, бояд ончиро, ки гурӯҳ мекунад, бипазирем ва анҷом диҳем. Яъне ҷомеа. Аммо агар ҳамбудгоҳи мо сайёраи замин бошад, чи натиҷа хоҳем гирифт?
Яке аз раҳгузарон ишора кард, ки фарҳанг сиёсат аст ва аз сиёсати мавҷуда бармехезад. Дар ин робита Толиби Ваҳдат ва Сиёваш навиштаанд, набояд аз фишори фарҳанги Ғарб, балки ҳуҷуми фарҳанги қишлоқ ба ҷомеа бонги хатар зад ва изҳори шубҳа кардаанд, ки ин шояд сиёсати расмии давлат аст. Аммо хонандаи дигари сомонаи интернетии мо бо номи Бежан эътироз кардааст, ки чаро мардуми бе ин ҳам камбизоати тоҷик дар як сол 280 миллион долларро фақат ба баргузории расму оини динӣ сарф кардааст.
Магар мо ин қадар сарватмандем? Магар кӯдаки мо пойафзол дорад, ки ба мактаб равад? Оё намешавад ин сармояро бо дигар мақсадҳо истифода кард?
Назари намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба вазъи фарҳангҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва додмандии тоҷик танҳо ба андозаи кам аз ҳам фарқ дошт. Ин бахшбандиҳо (иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва додмандӣ) низ аз номаи дӯсти мо Дилшод берун омадаанд, ки боз мегӯям, ҳатман интернет ёбеду як бор номаро пурра бихонед, ҳаргиз пушаймон намешавед. Ё ягон касро хоҳиш кунед, бароятон онро чоп карда биёрад. Дилшод менависад, имрӯзҳо, агар мо барои эҳёи суннат ва анъанаҳои миллӣ талош меварзем, хато мекунем, чунки агар фарҳанг пешрафт бояд, суннат истоиш ё рукуд аст.
Пас, мегӯяд Дилшод, моро боястӣ хулосаи дуруст баровард. Ва онро бо шеър меорад:
Гуҳар бе ҳунар хору зор асту суст
Ба фарҳанг бошад равон тандуруст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG