Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табобат бо телефон


Нашри навбатии барномаи мо на танҳо мавзӯъи ҳифзу беҳдошти дандонҳоро фаро мегирад ва ақидаи даҳҳо нафару аз ҷумла пизишки амрикоиро дар ин бора гирд меорад, балки меҳвари онро таҷрибаи нав -- мулоқоти пизишку бемор ба воситаи телефон ва аз тариқи радиои Озодӣ ташкил медиҳад. Ҳамаи шумо, агар рамзи радиочаро дар охири сарлавҳаи мо ангушт занед, шоҳиди табобат ба воситаи телефон мегардед. Бемори мо, ки ба сад дар сар задааст, дарди худро ба яке аз беҳтарин пизишкони Тоҷикистон нақл мекунад ва на танҳо машварати ӯро мегирад, балки ҳамчунин қабул дар дармонгоҳи ин пизишк насибаш мешавад. Ва дар оянда хоҳем дид, ки ин бемории тақрибан ғайриоддӣ чӣ давою дармон доштааст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG