Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди президент Раҳмонов аз ситоди Горди миллӣ


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба таҳкими нирӯҳои мусаллаҳи кишвар ва омодагии ҳарбии онҳо даъват кард.Вай ин нуктаро дар маросими савганди сарбозони нави Горди миллии Тоҷикистон изҳор дошт. 300 нафаре, ки давраи тамринро анҷом додаанд, рӯзи шанбеи 4-уми феврал савганд ёд карданд ва ба сафи Горди миллӣ ворид шуданд.
Раҳмонов инчунин аз сарбозхонаҳои Горди миллӣ дидан кард ва бо зисту хидмати аъзои он ошно шуд. Вай аз ҳукумат даъват кард, таъмини Горди миллиро бо лавозимоти низомӣ ва маишӣ дар сатҳи баланд нигаҳ дорад.
Горди миллии Тоҷикистон ду сол пеш дар заминаи Горди президентии кишвар таъсис ёфта, бевосита таҳти фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад. Фармондеҳи собиқи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев бо чандин айбнома, аз ҷумла таҳияи табаддулоти давлатӣ дар маҳбас ба сар мебарад. Баъд аз боздошти ӯ, гурӯҳе аз афсарони ин горд даст ба эътироз зада, аз мақоми худ барканор шудаанд.
XS
SM
MD
LG