Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи Эрон ба Шӯрои амният фиристода мешавад


Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳаставӣ ба тарафдорӣ аз ирсоли парвандаи Эрон ба Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид (СММ) рой дод. Шӯрои сарони бунгоҳ рӯзи шанбеи 4-уми феврал бо 27 ройи тарафдор ва 3 муқобил аз қатъномаи пешниҳодии Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ кард. Мақсад аз ин қатънома фишори бештар ба Эрон аст, то ҳамкорияшро бо ниҳоди ҳаставии СММ беҳтар кунад. Панҷ кишвар аз ширкат дар овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Ризоияти Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳаставӣ роҳро ба Шӯрои амният боз мекунад, то дар муқобили Эрон аз таҳримҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ истифода кунад. Аммо қатънома ҳамчунин ҳама гуна вокуниши Шӯрои амниятро дастикам ба муддати як моҳ, то таҳияи гузориши муфассали бунгоҳ, мавқуф гузоштааст.
Ин талаби Русия ва Чин, ду узви доимии Шӯрои амният будааст, ки танҳо ба шарти таваққуфи якмоҳа, қатъномаро тасдиқ карданд. Раиси ҳайъати Эрон дар нишасти бунгоҳ Ҷавод Воидӣ гуфт, Эрон дар посух тафтиши иншооти ҳаставии худро аз тарафи бозрасони СММ қатъ мекунад.
XS
SM
MD
LG