Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшони Афғонистон кӯмак мехоҳад


Оқои Нуристонӣ гуфт, бо сабаби масдуд будани роҳҳо ба ҷониби маркази Бадахшони Афғонистон - шаҳри Файзобод, аз ҳукумати Бадахшони Тоҷикистон дархост шудааст, ки то боз шудани роҳҳо барои интиқоли мусофирон аз як ноҳия ба ноҳияи дигар дар вақти зарурат аз тариқи қаламрави хоки ин кишвар мусоидат намоянд. Ӯ гуфт, "Ҳаддалимкон аз тариқи бандари Ишкошим талош хоҳем варзид, то интиқоли кумакро тавассути хоки Тоҷикистон ба Афғонистон таъмин намоем. Ба ҳамин хотир, мо аз мақомоти Бадахшони Тоҷикистон тақозо кардем, ки агар нафароне, дар ин ҳодисаи барфборӣ захмӣ мешавад ва ё ба муолиҷа ниёз пайдо мекунанд, ба мо кӯмаки худро дареғ надоранд".
Назар ба иттилои расмӣ, бар асари боришоти барф ва сармои шадид, дар вилояти Бадахшони Афғонистон даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, 150 манзил комилан аз байн рафтааст. Дар вулусволии Роғ 5 деҳа зери барф монда ба иллати банд будани роҳҳо ва аз кор мондани дастгоҳи мухобиротӣ, аз ҳоли сокинони ин деҳот ҳеҷ иттилое дар даст нест. Оқои Нуристонӣ, Консули давлати исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ гуфт, "Бар асари барфбориҳои давомдор чанд рӯз пеш дар вулусволиҳои Шеккай, Куффоб, Насай, Момай, Шуғнон, Вахон ва Ишкошим 21 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Роҳҳо аз як қария ба қарияи дигар баста буда, манзилҳо вайрон шудаанд, вазъияти зиндагии мардум ниҳоят хароб шудааст ва ин мардум ба кӯмаки оҷил нёзманд мебошанд".
Давлат Алиназаров, сардори идораи ҳифзи сиҳҳатии Бадахшони Тоҷикистон гуфт, ба хотири расонидани кӯмаки тиббӣ ба зарардидаҳои офатҳои табийӣ ба ноҳияи Шуғнону Дарвози Бадахшони Афғонистон як гурӯҳи табибон равона шуданд.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG