Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти Тоҷикистон дар мавриди карикатураҳо


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом як эъломия пахш намуд. Сухангӯи вазорат Игор Сатторов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: "Ахиран, васоили ахбори умуми Дания ва ба думболи он чанд кишвари дигари аврупоӣ тасвирҳои ҳаҷвии пайғамбари Ислом Муҳаммадро нашр намуданд. Ин иқдоми озордиҳанда ва таҳриккунанда ва аслан мухолиф ба меъёрҳои эътирофшудаи ахлоқӣ буда, ба ҳеҷ сурат ба эҷоди муносиботи нек миёни миллатҳо ва муколамаи фарҳангҳо мусоидат нахоҳад кард.". Норозигиҳо аз нашри тавсирҳои танзомез дар матбуоти Аврупо дар дигар кишварҳои мусулмон низ садо додаанд. Ҳамзамон дар баъзе аз кишварҳо тундравон даст ба амал заданд. Дар пойтахти Индонезия, шаҳри Ҷакарта ҳудудан 300 нафар ба бинои истиқоматии сафорати Дания ворид шуда, парчами миллии Данияро пора карданд.
Дар Фаронса, Белгия, Булғористон, Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех чанд нашрия, ба гуфтаи сардабирони онҳо, ба нишони пуштибонӣ аз озодии баён карикатураҳоро бори дигар нашр карданд. Ин расмҳо бори аввал дар як нашрияи Дания ба табъ расида буданд.
XS
SM
MD
LG