Пайвандҳои дастрасӣ

Русия таъмини сӯхти ҳастаиро ба Эрон замонат медиҳад


Маскав гуфт, дар сурате ки Эрон пешниҳоди ғанисозии ураниумро дар қаламрави Русия бипазирад, ин кишвар омода аст ба Теҳрон замонати арза кардани сӯхти ҳастаиро бидиҳад. Сергей Лавров, Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ин кишвар мехоҳад бо чунин роҳ ба Теҳрон кӯмак кунад. Оҷонсии хабарии ИТАР-ТАСС дар нақли қавле аз Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, ки дар як суханронии рӯзи панҷашанбеаш баён шудааст, шубҳайи Теҳронро нисбат ба ин пешниҳоди Русия ба нашр расонид. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз пешниҳоди ғанисозии ураниуми Эрон дар Русия пуштибонӣ карда онро ҳамчун роҳи ҳалли буҳрони ҳастаии Теҳрон арзёбӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои ҳуккоми Оҷонсии Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ, ки иборат аз 35 узв аст, қарор аст шоми рӯзи ҷумъа, сеюми феврал, тасмими расмии худро оид ба ирсоли гузориши худ ба Шурои аминяти СММ оид ба барномаи ҳастайии Эрон эълон кунад.
XS
SM
MD
LG