Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик ба Қатар мераванд


Шариф Назаров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҷамъомади таълимию тамринӣ 25 нафар ширкат доранд, ки бозигарони дастаҳои лигаи олии кишвар -- «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва се тими шаҳри Душанбе – CSKA, СКА «Помир» ва «Хима» мебошанд. Машғулиятҳо дар варзишгоҳи «Динамо» ва варзишгоҳи «Автомобилист»- и Душанбе сурат гирифтааст.
Бозии дӯстона бо тими миллии Қатар, афзуд Шариф Назаров, барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми даъвати AFC – Конфедератсияи футболи Осиё маҳсуб мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот дар гурӯҳи «D» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 24 март то 9 апрели соли равон дар Бангладеш баргузор мешавад. Ба гуфтаи Шариф Назаров, қабл аз ин мусобиқот дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон барои ширкат дар бозии санҷишӣ бо тими миллии Қатар рӯзи 10 феврал озими шаҳри Доҳа хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG