Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Елтсин 75-сола шуд ва 25 соли дигар мехоҳад


Аввалин президенти Русия Борис Елтсин якуми феврал 75-солагии худро ҷашн гирифт. Бисёриҳо дар ин рӯз ва бо шунидани ин хабар ба ёд оварданд, ки ҳанӯз чанд сол пеш, вақте дили Елстин зери теғи ҷарроҳон буд, гӯш ба хабари нохуш буданд. Ҳамчунин бархе қомати баланди ӯро дар болои танк дар назди Хонаи сафеди Маскав дар августи 1991 ба ёд оварданд ва бархи дигар рақси ӯро дар маъракаи интихоботӣ ва ё дирижерияшро ба оркестри симфонӣ. Борис Елтсин дар давраи пурмоҷарои Иттиҳоди шӯравӣ ва Русия зимни мухолифаташ бо Михаил Горбачев шӯҳрат ёфта, ҳамчун пешвои ислоҳотхоҳони Русия ба саҳна омад. Баъд аз ошӯби соли 1991 вай Горбачевро ба истеъфо маҷбур кард ва ду сол баъдаш бо ҳамсафонии худ Александр Рутской ва Руслан Хаспулотов падруд гуфт. Ҷумбишҳои нирӯманди демократӣ ва матбуоти озод мероси давраи ӯ шумурда мешаванд, вале ҳамчунин фурӯпошии шӯравӣ ва ҳамлаи танкҳо ба бинои порлумон ва олигархҳои миллиардер низ.
Президенти феълии Русия Владимир Путин, ки дар шаби соли нави 1999 қудратро аз дасти Елстин гирифт, мегӯяд, маҳз дар замони раёсати Елтсин мардуми Русия таъми озодиро чашиданд.
Барои Тоҷикистон Елтсин ҳамчун шахсе дар ёдҳо боқӣ мондааст, ки расми имзои созишномаи сулҳро дар Маскав дар 27-уми июни соли 1997 сарпарастӣ кард ва пеш аз он дар озодии шоири тоҷик Бозор Собир аз маҳбас саҳми мустақим гирифт.
Рӯзи душанбе, Елтсин дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи "Итоги" аз мероси сиёсии худ ҳимоят кард ва Путинро интихоби дурусту бамавриди хеш номид. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин як тазоди аҷиб аст. Дар давраи Елстин озодӣ ва демократияи ҳақиқӣ буду давлати қавие набуд, ки аз онҳо ҳимоя кунад. Дар давраи Путин давлати тавоное сохта шуд, вале инки оё озодӣ ва демократия ҳаст, мардум бо шубҳа посух медиҳад. Ва бархе мегӯянд, шояд Елстин метавонист, бӯҳрони Чеченистонро ҳал кунад, аммо -- Путин ва боз ҳам як аломати бузурги савол мегузоранд.
XS
SM
MD
LG