Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Банки ҷаҳонӣ


Дарки тафриқа ва тафовутҳо Сармогузории хориҷӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон -- $35 Сармоягузории хориҷӣ ба ҳар сари аҳолии Эстония -- $5000

Банки ҷаҳонӣ (World Bank) аз ҷудоӣ дар байни ду паймони нави иқтисодию тиҷоратӣ ҳушдор дод, ки якеро кишварҳои шӯравии собиқи рӯ ба Маскав ва дигареро кишварҳои аврупои шарқии рӯ ба Иттиҳоди Аврупо ташкил медиҳанд. Банки ҷаҳонӣ мегӯяд, суръат ва вусъати гуногуни ислоҳот дар ин кишварҳо ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ёриҳои молӣ таъсир карда, ин ҷудоиро афзойиш додааст. Блокҳои нав, ба изҳороти Банки ҷаҳонӣ, сабаб ин шудаанд, ки на ҳамаи кишварҳо метавонанд, аз имкониятҳои бозори ҷаҳонӣ ба таври баробар ва судманд баҳравар шаванд. Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех ва Маҷористон рушди бештар ёфтаанд ва кӯмаки бештар мегиранд. Русия ва Украин ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ворид шуда, Қазоқистон ва Озарбойҷон пайвандҳои худро бо он таҳким медиҳанд. Кишварҳои дигар гӯё дар соя мемонанд.
Дар гузориши Банки ҷаҳонӣ барои муқоиса оварда шудааст, ки Тоҷикистон дар як сол ба ҳар сари аҳолияш ҳамагӣ 35 доллар сармоягузории хориҷӣ гирифтааст, дар ҳоле ҳамин адад дар Эстония наздик ба 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Банки ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо сатҳи ислоҳот кӯшишҳои ҳифзи бозори дохилиро низ як сабаби ин тафриқа ва тафовут эълон кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG