Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дирамҳои коғазиро аз гардиш бозмедоранд


Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки пулҳои коғазии 5, 20 ва 50 дирамӣ, воҳиди хурди пулии кишварро дар соли ҷорӣ комилан аз гардиш боздорад. Абдуғаффор Қурбонов, корманди дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, иллати аслии аз гардиш боздоштани воҳидҳои хурди пули коғазии Тоҷикистон фарсуда ва ғайри қобили истифода гаштани ин навъи пулии кишвар мебошад. Ӯ гуфт, ҳаҷми умумии воҳиди пули коғазии хурди кишвар, яъне дирам як фоизи ҷамъи асъори миллии дар гардишро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, як сол қабл Бонки миллии Тоҷикистон дигар бонкҳои кишварро муваззаф карда буд, ки пулҳои ғайри қобили истифодаро аз гардиш боздоранд. Вале бо сабаби он ки на ҳамаи ин қабил пулҳо ба бонкҳо ворид мешавад, иваз кардани онҳо ба кундӣ пеш меравад. Вале дар ҳар сурат гуфт оқои Қурбонов, феълан воҳиди пули кӯчаки филизӣ ва ё тангаҳо дар муомилот бароварда шудааст, ки дар масъалаи аз гардиш боздоштани пулҳои ғайриқобили истифода кӯмак мекунад. Абдуғаффор Қурбонов, корманди дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон меафзояд, сокинон имкон доранд, дар нуқоти мубодилаи асъор ва бонкҳо пулҳои ғайри қобили иситифода ва ё фарсудаи худро бе мушкил бо воҳиди пули филлизӣ ва ё тангаҳо, бе боздоштани фоизи изофа иваз кунанд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG