Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳо ба "Майдони баҳс"


Марҳабо ба Майдони баҳс! Расидани номаҳои зиёд ба унвони "Майдони баҳс" ва бахши "Шумо ба кӣ савол доред?" идома меёбад ва дар онҳо номи афроду ашхоси дигаре зикр мешавад, ки одамон мехоҳанд, аз тариқи интернет бо онҳо мулоқот кунанд.

ДАРХОСТ

Ман бисёрн мехоҳам, онҳое ки дар созмонҳои байнулмилалӣ кор мекунанд, ба мулоқот даъват шаванд. Монанди шахсони наҷибе чун Равшан Рашидов, Давлат Ҷумъаев, Шариф Саидов, Олим Ҳомидов, Амонулло Ҳукумов, Манучеҳр ва сарвари ширкати Азия Плюс Умед Бобохонов.
Дӯсти Шумо
Масъуд.

НОМА БА ПРЕЗИДЕНТ

Ман аз иқдоми пешгирифтаи радиои Озодӣ хурсандам ки "Шумо ба кӣ суол доред" -ро пешниҳод кард ва ман ба президенти ҷумҳурӣ савол дорам.
Ман дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Варзоб зиндагӣ мекунам ва дар ин деҳа мактаби 60 дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва аз ин ҳукумати ноҳия хабардор аст ва чорае намеандешад. Ҳол он ки дар ин мактаб 120 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Кӣ барои ҳаёт ва саломатӣ ва зери хатар мондани ин кӯдакон кафолат медода бошад? Ман аз президенти ҷумҳурӣ хоҳиш дорам ки ин мактабро аз садама наҷот диҳад" аз шумо комадони радио хоҳиш дорам ки суоли манро ба президент пешниҳод кунед. Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъи он бояд, на балки баъд аз фоҷиа ва марги одамон!
Муҳаммадуллоҳ

АЗ ИДОРА

Дӯстони арҷманд!
Бастаи иборат аз 36 савол ба академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти он кас расид ва эшон аз саволҳои гуногун ва ҷолиб бисёр хурсанд шуда, гуфтаанд, ки бо камоли майл ба ҳамаи ин саволҳо посух медиҳанд. Дар ҳоле ки ҷавобномаи устод омода мешуд, боз ду номаи нав расид, ки низ ба он кас расонда шуд ва акнун таҳияи пурраи посухҳо вақти иловагӣ талаб мекунад. Аммо ба зудӣ ҳамаи онҳое ки ба устод Шакурӣ савол доданд, саволҳои худ ва ҷавобҳои устодро дар ин саҳифа хоҳанд дид. Хоҳиш мекунем, ки дар оянда саволҳо ҳарчи зудтар фиристода шаванд ва чунин таъхир ба миён наояд.
Боиси шодмонист, ки бо эҳтироми дархостҳои Шумо чандин нафари дигар аз инсонҳои наҷиб ва саршинос ризоият доданд, ки ба воситаи шабакаи ҷаҳонии интернет бо мардуми худ мулоқот кунанд ва ба саволҳо ҷавоб диҳанд. Ба зудӣ ин силсила идома хоҳад ёфт.
Ва ниҳоят, ба огоҳии ҳамагон мерасонем, ки бархе аз савол ё шарҳҳои берун аз доираи одоби муоширатро дар ин дидорҳои онлайнӣ истифода намекунем. Мардуми тоҷик фарҳанги баланди муошират доранд, аммо агар гоҳе касе дар ҳолат хашм ё шитобзадагӣ нома мефиристад, мутмаин бошад, ки чунин нома нашр нахоҳад шуд. Эҳтироми ҳамдигарӣ пояи аслии гуфтугӯҳо дар Майдони баҳс мебошад.
XS
SM
MD
LG