Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатҳои нави парвоз аз Душанбе ба хориҷ


Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон эълом дошт, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ хати нави парвоз аз Душанбе ба Исломободро боз мекунад. Қарор аст, рӯзи ҷумъаи сеюми феврал нахустин ҳавопаймои ширкати «Turkish Airlines» аз Душанбе ба Истамбул парвоз намояд. Фирдавс Мухторов, сардори бахши бозорёбии ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо омодаанд, ба даъвати ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар мавриди ҳамкорӣ ва боз кардани хатсайрҳои нав ба кишварҳои хориҷи наздику дур посухи мусбат диҳанд. Ӯ мегӯяд, бо ъиллати кофӣ набудани теъдоди ҳавопаймоҳо ширкат имкони бо ҳавопаймоҳои худ ба анҷом расонидани парвоз ба кишварҳои хориҷии дурро бидуни чанд хатти сайр надорад. Вай дар зимн афзуд, қарор аст ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон , бо кӯмаки Бонки Аврупоии Рушд ду ҳавопаймои нав харидорӣ кунад. Оқои Мухторов гуфт, феълан, навъи ҳавопамоҳои харидорӣ мешуда мушаххас нест, зеро дар муайян кардани навъи он Бонки Аврупоии Рушд масъул аст. Аммо дар мавриди ҳавопаймоҳои ширкати ҳавоймапоии Тоҷикистон Валерий Шарифов- муовини раиси ширкат гуфт, муддати мадид аст, ки дар ширкат ҳавопаймоҳои навъи АН-2 мавриди истифода қарор надоранд, вале феълан се тайёраи навъи АН-28 дар хатти парвозҳои дохилӣ парвоз мекунанд. Ҷаноби Шарифов мегӯяд, парвози ҳавопаймоҳо дар парвозҳои дохилӣ зиёновар аст ва соли гузашта ширкат 532 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҳисоби худ барои парвози ҳавопаймоҳо дар хатти сайрҳои дохилӣ пардохт кардааст.Ва аммо бино бар гуфтаи Валерий Шарифов, дар маҷмӯъ фоидаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар соли гузашта як миллион сомонӣ ва ё бештар аз 300 ҳазор доллари амрикоӣ буд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG