Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти фавқулоддаи Бунгоҳи байналмилалии нируи ҳаставӣ


Шӯрои ҳукоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ имрӯз, 2 феврал нишасти фавқуллодаи худро дар шаҳри Венаи Австрия оғоз ва масъалаи ирҷоъи парвандаи ҳастаии Эрон ба Шӯрои Амниятро баррасӣ мекунад.
Панҷ узви доимӣ ва дорои ҳаққи ветои Шӯрои Амнияти Созмони Милал: Русия, Амрико, Фаронса, Бритониё ва Чин аввали ин ҳафта тавофуқ карданд, ки Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бояд доир ба Эрон ба Шӯрои Амният гузориш диҳад, зеро дар робита ба сулҳомез будани барномаҳои атомии Эрон шубҳа вуҷуд дорад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳдид кардааст, ки агар парвандааш ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал ирҷоъ шавад, ғанисозии саноатии уранро шурӯъ ва ҳамкориҳояшро бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ қатъ мекунад.
Дар сурати ирҷоъ, Шӯрои Амният метавонад, Эронро таҳти таҳримҳои иқтисодӣ қарор диҳад. Анвар Султония намояндаи Эрон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи чоршанбе ирҷоъи парвандаи атомии Эронро ба Шӯрои Амният иштибоҳ номида, гуфт: "Агар фардо, яъне дуюми феврал як чунин иштибоҳ сурат бигирад, рӯзи дигараш мо тамоми он маводро барои ғанисозии уран истифода мебарем ва онро вусъат медиҳем, то 50 ҳазор мошин ва барои тавлиди тоннаҳо урани ғанишуда."
Урани ғанишударо на танҳо ҳамчун сӯзишворӣ барои реакторҳои нерӯгоҳи барқи ҳастаӣ метавон истифода кард, балки ҳамчунин барои тавлиди бомби атомӣ. Эрон мегӯяд, дар пайи сохтани силоҳҳои атомӣ нест ва ғанисозии уран ҳаққи қонунии Эрон мебошад.
XS
SM
MD
LG