Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба интихобот бо тими нав?


Брюс Паннер Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон беш аз 20 тан аз соҳибмансабҳои кишвар - аз муовини вазири хориҷа то раисони бархе аз навоҳиро аз вазифаҳояшон барканор кард. Дар ҳоле, ки бархе аз таҳлилгарон тағйирот дар ҳукуматро як амри воқеӣ мехонанд, иддае аз сиёсатмадорони маҳаллӣ онро бо наздикшавии интихоботи раиси ҷумҳур марбут медонанд. Интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Дафтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон тағйироти ахирро чун "табдили кадрҳо дар оғози соли нав" арзёбӣ кард. Ва аммо дар ҳоле, ки то интихоботи нави сарвари Тоҷикистон ҳамагӣ нӯҳ моҳ боқӣ мондааст, суоле матраҳ аст, ки ин тағйирот ба шонсҳои Эмомалӣ Раҳмонов барои дигарбора ба курсии раиси ҷумҳур соҳиб шудан то куҷо таъсир хоҳад дошт?
Сайфулло Сафаров, раиси Маркази пажуҳишҳои стротегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрии ахирро амри воқеӣ ва амали маъмулӣ арзёбӣ мекунад:

Ин як тағйироти маъмулӣ дар оғози сол аст. Аслан ин гуна тағйирот дар охири сол аз рӯи натоиҷи кор ба амал меояд. Ва аммо аввалҳои сол ҳам аз рӯи натиҷаи кор дигаргуниҳои кадрӣ сурат мегиранд.

Дар нишасти ахири ҳукумати Тоҷикистон беш аз 20 мансабдори ҳукуматӣ аз вазифа барканор шуданд, аз ҷумла, чанд муовини вазир, ки миёни онҳо Абдунабӣ Сатторзода, муовини вазири хориҷа ва яке аз охирин намояндагони ғайринизомии мухолифини собиқи тоҷик дар ҳукумат низ ҳаст. Ва аммо дар ин нишаст бештар раисони навоҳӣ тағйири мансаб карданд.
Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, тағйироти ахир ба мавқеъи афроди аввал дар ҳукумат таъсире нагузошт:

Аввалаш, ҷаласаи ҳукумат каме дертар доир гардид, сониян, тағйирот аз рӯи миқёс назар ба солҳои пешин хело бузургтар буд. Ва аммо фақат аз рӯи шумора. Аз рӯи сифат ин тағйирот соҳибони вазифаҳои калидӣ дар ҳукуматро назар ба солҳои пешин камтар такон дод, яъне афроди аввал дар ҳукумат дар ҷойҳои худ боқӣ монданд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров, ҳадафи дигаргуниҳо - таҳкими мавқеъи раиси ҷумҳур дар маҳалҳо ва бахши хидматрасонист. Ӯ мутмаин аст, ки тағйироти кадрӣ ба интихоботи раиси ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр сахт пайванд дорад. Раҳматулло Зоиров ба ҳайси намуна Ғулом Бояковро меоварад, ки раиси ноҳияи дурдасти Фархор тайъин шудааст. "Бадарға"-и Бояков, аз нигоҳи раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ба хотири коҳиши пуштибонӣ аз Муҳаммадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе ва раиси палатаи болоии парламенти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Убайдуллоев аз он чеҳраҳои маъруфи сиёсии Тоҷикистон аст, ки аз ҳар ҷиҳат метавонад бо Раҳмонов рақобат кунад. Раиси ноҳияи дурдаст тайъин кардани Ғулом Бояков, яке аз наздикони мири Душанбе, нишонаи он аст, ки талошҳое барои ҷилавгирӣ аз пуштибонии Убайдуллоев дар арафаи интихобот сурат мегиранд ва дар роҳи соҳиби қудрати бештар шудани ин рақиби Эмомалӣ Раҳмонов монеъаҳои зиёд эҷод мегарданд.
Ва аммо Сайфулло Сафаров, раиси Маркази пажуҳишҳои стротегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иддаоеро, ки дигаргуниҳои ахир бо таҳкими мавқеъи Эмомалӣ Раҳмонов қабл аз интихоботи президентӣ бастагӣ дорад, рад кард:

Раисиҷумҳури мо дар ин самт ҳанӯз ба иқдоме даст назадааст. Аслан, миёни онҳое, ки аз вазифа барканор шудаанд, ягон нафар бо интихобот пайванд надорад.

Вале Раҳматулло Зоиров пофишорӣ мекунад, ки дигаргуниҳои ахир бо интихоботи раиси ҷумҳур робита дорад ва бо наздикшавии ин маъракаи сиёсӣ тағйироти кадрӣ идома хоҳад кард:

Ман гумон мекунам, ки ҳарчанд тағйирот каме дертар ба амал омад ва аммо он тағйироти ниҳоӣ нест, балки фақат оғози дигаргуниҳои кадрӣ дар соли 2006 ум мебошад.

Айни ҳол раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мутмаин аст, ки тағйироти бузургтар дар ҳукумати Тоҷикистон дар пеш аст.
XS
SM
MD
LG