Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Зуҳуров дар бораи шаҳрвандони дар Афғонистон гаравгони Тоҷикистон


Саидамир Зуҳуров, фармондеҳи нирӯҳои марзбони Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи чоршанбеи худ гуфт, дар соли гузашта нирӯҳои марзбонӣ бо мусоидати ниҳодҳои дигари давлатӣ 8 шаҳрванди Тоҷикистонро аз асорати қочоқбарони афғон раҳо кардаанд. Аммо гуфт оқои Зуҳуров, теъдоди мушаххаси касоне, ки дар асорати гурӯҳҳои афғонӣ қарор доранд, маълум нест ва афзуд, маълум танҳо ин аст, ки чунин асирон ҳамчунон боқӣ мондаанд.

Аммо гуфт Саидамир Зуҳуров, дар марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон чанд маҳали осебпазир ва мураккаб мавҷуд аст, ки Сариғор ва Қавоқи Шӯрообод аз ҷумлаи он аст ва назорати ин минтақаҳо кори сангин аст ва заҳмати зиёд металабад. Гуфта мешавад, касоне, ки аз ҷониби гурӯҳҳои афғонӣ ба гарав бурда мешаванд, умдатан сокинони ноҳияи Шӯрообод мебошанд. Оқои Зуҳуров афзуд, барои раҳоии гаравгонҳои боқимонда низ талош ба харҷ хоҳанд дод.

Раиси Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон зимни ин мулоқот ҳамчунин иддаои расонаҳои Русия дар мавриди он ки гӯё мақомоти Тоҷикистон ба дунболи хуруҷи нирӯҳои марзбони рус 500 хонаводаи сарбозон ва афсарони ин нирӯҳоро аз манозили худ дар шаҳри Душанбе ҷабран берун кардаанд ва ин манозилро дар ихтиёри нирӯҳои марзбони тоҷик қарор додаанд, рад кард. Ӯ гуфт: "Ин иддао ҳақиқат надорад, мо танҳо дастаҳои марзбониро таҳвил гирифтем. Дар воқеъ, дар шаҳри Душанбе 3 маҷтамаъи манзилии марбут ба нирӯҳои марзбонӣ, ки аз шӯравӣ боқӣ монда буд, мавҷуд аст. Дутои ин бунёдҳо моликияти хоси Тоҷикистон мебошад. Муттаассифона, бо вуҷуди муроҷиъатҳои чанддафъаинаи катбӣ ва шифоҳии мо идораи марзбонӣ феҳраст ва нишонии ин манозилро дар ихтиёри мо қарор надод. Бо ин вуҷуд, мо касеро аз ин манозил ихроҷ накардаем. Ин ҳама тӯҳмат дар ҳаққи ҳукумати Тоҷикистон аст."

Генерал Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба масъалаи таъсиси мактаб барои фарзандони афсарони рус мувофиқа карда буд, вале сафорати Русия ва пойгоҳи 201 миёни худ натавонистанд, ки тавофуқ кунанд. Ҳар кадоме мехост ин мактабро дар ихтиёри худ бигирад ва дар натиҷа кор нотамом монд ва акнун боз ҳам ҷониби Тоҷикистон мавриди тӯҳмат қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG