Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бурун оварда шудани ҳамаи 18 ҷасад аз зери тарма дар Ҷиргатол


Рӯзи якуми феврал аҷсоди се нафари дигаре, ки як рӯзи қабл дар ноҳияи Ҷиргатол зери тарма монда буданд, аз зери тарма бурун оварда шуд ва шумори қурбониёни офати табиӣ дар деҳаи Тоҷикмаҳаллаи ноҳияи Ҷиргатол ба 18 нафар расид. Субҳи 31 январ дар деҳаи Тоҷикмаҳаллаи ноҳияи Ҷиргатол тарма омада ва 36 нафар зери он монда буданд. Саймӯъмин Нозимов, масъули вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дар водии Рашт гуфт, бо вуҷуди талошҳои хадамоти наҷоти шаҳрвандон ва мардуми деҳоти гирду атроф танҳо 18 нафар наҷот дода шуд ва 18 нафари дигар ҷони худро аз даст доданд. Ӯ мегӯяд, миёни кушташудаҳо атфол низ ҳастанд ва айни ҳол, шумори онҳо дақиқ карда мешавад. Гуфта мешавад, ҳар шаш узви хонадони Файзулло Гулов ном сокини деҳа ҳалок шудаанд. Шодбой Алиқулов ном сокини дигар чаҳор ҷигарбанди худро аз даст додааст. Дар ҳамин ҳол, аз мавзеъи Ҳоити ноҳияи Рашт низ хабар расид, ки се писарбача зери тарма монда ва ҳоло пас аз бароварда шудани онҳо аз зери тарма вазъи як нафари онҳо ваҳим арзёбӣ мешавад. Ҷаноби Нозимов аз чанд ҳодисаи рӯзҳои ахир бар асари боришоти бисёр рухдода мегӯяд, ҳоло ҳам дар минтақа хавфи фаромадани тарма ҷой дорад. Ӯ мегӯяд, дар ҷамоати деҳоти Янгишаҳри ноҳияи Ҷиргатол 4 хона зери тарма мондаанд, дар деҳаи Майдонтераки ҳамин ноҳия хатти баландшиддати барқ канда шуда ва ҳоло дар деҳа барқ нест, дар Ҳоит як хона зери тарма монда ва ҳоло вазъи як писарбача вазнин арзёбӣ мешавад, дар Тавилдара, аз мавзеъи Кафтаргузар то маркази ноҳия роҳ баста шудааст, дар Нуробод, аз километри 8 то км. 12 ин минтақа тез тез роҳ баста мешавад. Бино бар иттилоъи ситоди минтақавии Рашт, роҳ миёни Рашту Тоҷикобод сар аз имрӯз боз шуд, аммо ҳаракати нақлиёт ба сӯи Ҷиргатол ҳамоно баста мебошад.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG