Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷак Стро: "Ҷаҳон ба Эрон шонси охирин медиҳад."


Вазири хориҷаи Бритониё Ҷак Стро рӯзи чоршанбе, 1 феврал гуфт, ҷомиаи байналмилалӣ ба Эрон як имкони дигар ва ниҳоӣ медиҳад, ки бар ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кунад. Рӯзи душанбе ҳамаи 5 узви доимии Шӯрои Амният (ША)-и Созмони Милали Муттаҳид розӣ шуданд, ки Созмони байналмилалии назорати нирӯи атомӣ бояд парвандаи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эронро ба минбари ША таҳвил диҳад. Ҷаласаи Шӯрои мудирони Созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, қарор аст, рӯзи панҷшанбе, 2 феврал доир шавад.Ҷак Стро гуфт, ки ӯ мавзӯъро имрӯз дертар бо ҳамтои эрониаш Манучеҳри Муттакӣ гуфтугӯ хоҳад кард.

Рӯзи сешанбе президенти Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, кишвари Эрон гаравгони низоми мазҳабии исломӣ Раисиҷумҳури Эрон боқӣ мемонад, аммо ҷаҳон набояд ба Теҳрон пешбурди барномаҳои ҳастаияшро иҷлзат диҳад. Ҷорҷ Буш гуфт, Амрико умедвор аст, ки рӯзе оқибат дӯсти Эрони озоду демократӣ хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз гуфт, Эрон бо истодагарӣ дар муқобили фишори Ғарб барномаҳои ҳастаияшро то охир такмил хоҳад кард: "Ман ин ҷо ба онҳо эълон мекунам, ки эй абарқудратҳо, эй абарқудратҳои хаёлӣ ва пушолӣ, бидонед: Миллати Эрон 27 сол аст, ки мустақил шудааст. Энержии ҳастаиро ҳаққи миллати Эрон медонем ва ба унвони ходими миллат то эҳқоқи комили ин ҳаққ хоҳем истод."

Имрӯз муовинони вузарои хориҷаи Русияву Чин ба Теҳрон омаданд, то ки Эронро ба ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ мутақоид созанд. Маскав гуфтааст, ки сафари намояндааш аломати фишор овардан болои Эрон нест.
XS
SM
MD
LG