Пайвандҳои дастрасӣ

"Модар бо тифл" куҷо ғайб зад?


Мусаввараи "Модар бо тифл", ки анқариб дусад сол пеш офарида шудааст, моҳи августи соли гузашта аз осорхонаи миллии Тоҷикистон ғайб зад. Ин асар миёни чанд асари мусаввирони машҳури аврупоӣ беш аз 40 сол пеш аз сӯи осорхонаи Эрмитажи Санкт Петербург ба Осорхонаи миллии ба номи Беҳзод эҳдо шуда буд ва фақат моҳи октябри соли 2004 ум бори аввал ба маърази тамошо гузошта шуд. Гулчеҳра Нуъмонова, раиси Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо маҷаллаи "Ганҷина" гуфт, сабабу омилҳои ғайб задани ин асари машҳур пажуҳиш мешавад ва ба ҷустуҷӯи ин асари нодир вазорати амнияти Тоҷикистон, мақомоти амниятии Русия ва ахиран Интерпол ҷалб шудаанд.
Аз Гулчеҳра Нуъмонова суол кардем, оё мешавад дар бораи ин мусаввара иттилоъи бештар дод?

Ман фақат ҳамчун тамошобин фикрамро гуфта метавонам, ки мувофиқи номаш аст - тасвири модар бо тифлаш. Ба он ҳамчун мутахассис баҳо додани ман душвор аст, ба он рассомон метавонанд беҳтар баҳо диҳанд ва дар бораи он хело зиёд сӯҳбат кунанд.

Қиммати мусаввара оё маълум аст?

На, мо ин чизҳоро, рости гап, намегӯем. Мо, албатта, нархномаҳо дорем ва аммо намедонам то чӣ андоза он дуруст аст. Ин чизҳоро фақат мутахассис метавонад баҳо диҳад.

Аслан бори аввал нест, ки ёдгориҳои нодири осорхонаҳои Тоҷикистон ва китобу дастхатҳои бостонӣ ба таври пурасрор ғайб мезананд ва баъдан онҳо дар осорхонаҳо ваё коллексияиҳои инфиродӣ дар дигар кишварҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Музаффар Азизов, раиси бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихии вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, бузургтарин ҳодисаи ғорати ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон 14 соли пеш рух дода буд:

185 ашё ба маблағи 4 миллиону 610 ҳазору 266 доллари амрикоӣ соли 1992 аз пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон берун бароварда шуд

Рабудани мусаввараҳо аз осорхонаҳо ҳамасола дар бисёр кишварҳои олам мушоҳида мешавад. Соли 2000 ум афроди номаълуми мусаллаҳ аз осорхонаи миллии Шветсия дар шаҳри Стокҳолм се мусаввараи нодирро ба яғмо бурданд - чеҳранигории Рембрант ва ду асари машҳури Ренуарро. Ба гуфтаи мутахассисон, арзиши ин асарҳо беш аз 30 миллион доллар аст. Соли 2003 юм аз як қасри Шотландия офаридаи машҳури Леонарда дар Винчиро рабуданд. Ғорати ин асари нодир дар рӯзи равшан рух дод. Леонардо да Винчӣ ин асарро тули солҳои 1500 то 1510 офарида буд.
Соли 2003 юм аз галереяи Юитарти шаҳри Мачестери Бритониё се мусаввараи Ван Гон, Пикассо ва Гогенро рабуданд. Ва аммо ин аз он ҳодисаҳоест, ки фарҷоми нек дорад - асарҳои нодирро рӯзи дигар дар назди галерея пайдо карданд. Фарде, ки ин асарҳоро рабуда буд, дар як пора коғаз навишта буд, тавассути ин дуздӣ мехост собит кунад, ки чораҳои амниятӣ барои ҳифзи мусаввараҳо кофӣ нестанд.
Ва пурсару садотарин ҳодисаи ғорати осорхона - ҳамла ба осорхонаи Мунк дар Норвегия ва рабудани асари машҳури "Фарёд" маҳсуб мешавад. Соли гузашта афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ин асари мусаввири маъруф Мункро дар пеши чашми садҳо тамошогарон рабуданд. "Фарёд"-и Мунк то ҳанӯз пайдо нашудааст. Баъди пажуҳиши ҳодиса пулис ба чораҳои нокофии амниятӣ дар ин осорхона ишора кард.

Аз хонум Гулчеҳра Нуъмонова, раиси осорхонаи миллии Тоҷикистон суол мекунем, шояд сабаби ба яғмо рафтани асари "Модар бо тифл" низ дар неруманд набудани системи ҳифзи ёдгориҳои осорхона аст?

Системаи огаҳкунӣ на он қадар хуб аст. Он фарсуда шудааст. Мо хостем онро нав кунем ва аммо буҷаи вазорат зиёд нест ва барои навсозии систем имкон намедиҳад. Оянда шояд вазъ ислоҳ мешавад. Ва аммо ҳоло барои технологияи нави ҳифзи ёдгориҳо дар Тоҷикистон маблағи кам ҷудо мешавад. Аз ҷумла, барои осорхонаҳо.

Ва аммо, аз нигоҳи ҳамсӯҳбати мо, ёдгориҳои осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон бештар дар амнанд, зеро бо кумаки Ҷопон он ҷо муосиртарин таҷҳизоти ҳифзи нигораву ёдгориҳои бостонӣ танзим шудаанд.
Мусоҳиби мо меафзояд, то замоне, ки ҳукумати Тоҷикистон барои харидории таҷҳизоти муосири ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ дар осорхонаҳои кишвар маблағ пайдо накунад, ягон мусаввара ваё ёдгории нодири қадима дар амн нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG