Пайвандҳои дастрасӣ

Зери тарма мондани бист нафар дар Ҷиргатол


Маъмурони имдодии Тоҷикистон гуфтанд, субҳи 31 январ бар асари омадани тарма дар деҳаи Тоҷикмаҳаллаи ноҳияи Ҷиргатол 38 нафар зери тарма мондаанд, ки 18 нафари онҳо наҷот дода шуда ва 20 нафар,ба эҳтимоли ғолиб, ҷони худро аз даст додаанд. Дӯстмурод Забиров, масъули дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, бар асари боришоти пай дар пайи барф дар ноҳияи Ҷиргатол тарма омада, ҳафт хонаро хароб кард. Ӯ гуфт, айни ҳол ҷасади 12 нафар аз зери тарма бурун оварда шуда ва ҷустуҷӯи 8 фарди дигар идома дорад. Саидмӯъмин Нозимов, як намояндаи вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба радиои Озодӣ гуфт, танҳо аз хонаводаи Файзулло Гулов ҳанӯз ҳам шаш нафар бенишонанд ва манзили онҳо батамом зери тарма мондааст. Барои кӯмак ба мардуми осебдида, кормандони муассисаи хайрияи "Мерлин" аз ноҳияи Рашт озими Ҷиргатол шудаанд. Ҳамзамон созмони "Агроаксияи Олмон" низ гуфтааст, техникаҳои наҷотдиҳиро бо сӯзишворӣ таъмин хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Саидмӯъмин Нозимов дар деҳоти Ёрмазор ва Қӯшаи ноҳияи Ҷиргатол 9 манзили дигар зери тарма мондааст, вале хушбахтона дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG