Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо кадом рангро дӯст медоред ва чаро?


Ҳарчанд таьрихан ранги сурхро ба идеолужии коммунистон нисбат медиҳанд, ман ба ин розӣ шуда наметавонам. Ранги сурх ба назари банда ранги мубориза ва талош аст.
Шумо бинед, ки офтоб ранги аслияш сурх аст. Ё агар мушоҳида кунед, ки кӯдак бештар ба кадом ранг майл менамояд, албатта сурх!
Пас банда ранги сурхро дӯст медорам ва агар онро ранги хуни шаҳидон номем ҳам дуруст аст зеро бояд хуни рехташуда барои ватани азизро набояд фаромӯш кунем.
Бо эҳтиром
Султон Мирсаидов


Ранги сабзро дӯст медорам. Зеро, ки лавни ислом аст.
Умед


Дуруд ба озодагон!
Ранги сафедро бештар дӯст дорам. Аз он сабаб аст, ки ин ранг рамзи озодӣ, равшанӣ ва аз ҳама муҳимаш тозагиро дорост. Ин ранг шабеҳи он аст, ки инсоният метавонад бо ин ранг худро озод эҳсос кунад. Орзу дорам, ки ин интихоботи навбатии раисиҷумвур дар Тоҷикистон бо ранги сафед, яъне ба таври шаффофу озод баргузор гардад.
Бо эҳтиром, Алишери Навоӣ

Дӯстони азиз.
Шояд ҳар як ранг бароям маъние надорад, аммом ан рангҳои кушодро дуст медорам. Аз ҷумла ранги кабуди кушод, лоҷувард, сурхи рӯшан ва сабзи кушодро. Ва, албатта, боз сафед.
Ба фикрам, рангҳои хокистарӣ, сиёҳ ва ғайраву ғайра рӯҳияти касро ҳам мефарорад. Шояд пессимистҳо он рангҳоро дӯст доранд? Агар хоҳад ки кас оптимист бошад, ҳамеша аз рангҳои ҷолиб, ки Худованд бароямон ҳамчун муъҷиза офаридааст, баҳра барад.
Фарид2054

Бале, ҳар ранг дар рӯҳияи инсон таъсироти мухталиф ворид месозад. Касеро ба ваҷд меораду дигареро ором месозад, саввумиро ба олами фаромӯшии дуродур мебарад...
Аммо барои банда ранги сабз ҷалбкунанда аст. Намедонам, аз сабзии ҳаёт аст, ё аз дар ниҳодаш доштани умеди нахл. Ба ҳар сурат, ранги сабз писандам ҳаст, дар ҳоле, ки ягон либоси сабз напӯшидаам.
Маҳмудзода
XS
SM
MD
LG