Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви ҲСДТ аз маҳбас озод шуд


Хуҷанд. Додгоҳи Истаравшан рӯзи сешанбеи 31 - уми январ дар бораи аз ҳабс озод кардани Низомидин Бегматов -- як узви фаъоли Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қабл аз адои мӯҳлати ҷазо аз сӯи ӯ қарор кардааст.

Низомидин Бегматов дар моҳи июни соли гузашта бо айбномаи авбошӣ ва ба ақидаи худи ӯ ва сарони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо ангезаҳои сиёсӣ ба 1 соли зиндон маҳкум шуда, то ин замон дар боздоштгоҳи муқаддамотӣ (СИЗО) - и Истаравшан ба сар мебурд. Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ сабаби тасмими додгоҳи Истаравшанро чунин шарҳ дод : «Маҳкамаи муқаддамотии Истаравшан ба додгоҳи ин маҳал пешниҳод кард, ки Низомидин Бегматов бинобар интизоми намунавияш аз ҳабс озод карда шавад. Додгоҳ ин пешниҳоди маҳкамаро пазируфт ва дар ин бора субҳи рӯзи 31-уми январ қарор қабул кард.»
Низомидин Бегматов -- ҳуқуқшиноси ҷавон ва як тан аз сарони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва як ҳамсафи ҳизбии ӯ - Насим Тошев дар интихоботи гузаштаи парламентӣ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ҷаббор Расулов довталаб барои иштирок дар интихоботи парламентӣ ва маҳаллӣ буданд. Аммо дар натиҷаи як муноқиша бо раиси додгоҳи ин ноҳия бо даъвии раиси додгоҳ бо ҷурми кирдори авбошӣ мувофиқан ба як ва якуним соли зиндон маҳкум шуданд. Дар рӯзи анҷоми мурофиаи додгоҳӣ Низомидин Бегматов ҳукми додгоҳро нисбати худ бепоя ва дорои ангезаи сиёсӣ хонда буд: «Ҳукми додгоҳ нисбати ман бо нишондоди ҳукумати вилоят ва ҳукумати Тоҷикистон ва зери тазйиқи онҳо содир шудааст ва ангезаи сиёсӣ дорад. Сабабаш ин ки баъди як сол дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Ва аз ин рӯ аз мо, ки аз фаъолони ҳизби сотсиал-демократӣ ба ҳисоб меравем, ҳарос доранд. Ба фикрам, ба ҳамин сабаб комиссияи марказии интихобот номзадии маро ба интихоботи парламентӣ бо амри президент ва ё раиси дастгоҳи вай роҳ надод.»
Дар ҳоли ҳозир Насим Тошев -- узви дигари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз вилояти Суғд мӯҳлати ҷазои ҳабси худро дар зиндони Ёвон, ҷануби Тоҷикистон сипарӣ мекунад.
Замоне ки ин гузориш омода мешуд, Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи Низомидин Бегматов дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, боздоштгоҳи муқаддамотӣ (СИЗО) - и Истаравшан озод кардани Низомидин Бегматовро ба далели таҳияи комили аснод то субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 1 феврал мавқуф гузоштааст.
XS
SM
MD
LG