Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии се ҳизби сиёсии Тоҷикистон аз афзоиши нархҳо


Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев ва Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон, бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи газ ва телефон дар кишвар як изҳорот қабул кардаанд. Дар ин изҳорот омадааст, «Мутаассифона, маоши аҳолии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои хоси ҳукумати кишвар муқаррар мешавад, аммо нархи газу телефон аз рӯи меъёрҳои аврупоӣ».
Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ: «Ба назари ман, баъд аз болоравии нархи газу телефон, нархи об, барқ ва дигар мавод низ боло меравад, зеро қарзҳое ки Тоҷикистон тайи 10 сол аз ниҳодҳои молиявӣ ва кишварҳои хориҷӣ гирифтааст, бояд баргардонад. Ин қарзҳо, ки ҳеҷ як фоидае наоварданд, ҳукумат аз ҳисоби боло бурдани нархи газу барқу об, телефон ва маводи хӯрданӣ, аз ҳисоби боло бурдани нархи маводи мухталиф, боло бурдани андоз ин қарзҳоро мехоҳад баргардонад».
Мирҳусейн Назриев, раиси як ҷиноҳи ҲСТ: «Мо, намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, аз масъулини ҳукумат тақозо дорем, ки нархи газу телефон ва барқро бо назардошти вазъи ногувори иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва маоши ҳадди ақали аҳолӣ, ки 12 сомониро ташкил мекунад, танзим намояд.»
Нархи 1.000 метри мукааб гази табиӣ дар Тоҷикистон сар аз 1 январи соли равон ба 250 сомонӣ ва дар сурати набудани ҳисобкунак, сари як нафар 6 сомониву 25 дирам, ва нархи як дақиқа сӯҳбати телефонӣ шурӯъ аз якуми феврал ба 2 дирам боло рафтааст. Феълан, нархи 1 киловатт соати барқ - 1,6 дирам мебошад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG