Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шатранҷи Душанбе


Дар рақобатҳо миёни мардон ва занон 45 шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат меварзанд. Пас аз ҷамъбасти панҷ даври мусобиқа Фурқат Раҳимов, шатранҷбози ҷавони шаҳри Душанбе дар рақобатҳо миёни мардон бо чаҳоруним имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Шатранҷбозони маъруфи кишвар Рашид Ҳусейнов ва Эркин Раҳимов бо чаҳоримтиёзӣ мақоми дуввуму севвумро ишғол мекунанд.

Дар сабқати занон шатранҷбози пуртаҷрибаи душанбегӣ Лида Антонова пешсаф мебошад. Вай бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, панҷ имтиёз ба даст овардааст. Шатранҷбозони навраси Душанбе Меҳрангез Раҳматова ва Асила Мӯҳтоҷева бо чаҳоримтиёзӣ дар мақоми дувуму севум қарор доранд. Ҳамчунин дар сабқати мардон се нафар беҳтарин шоҳмотбоззанони тоҷик -- Саодат Одинаева, Шаҳноза Умарова ва Надежда Антонова иштирок мекунанд.

Мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Душанбе, ки аз нӯҳ давр иборат аст, то севвуми феврал идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG