Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заррабин: Cабти номи расонаҳои гурӯҳӣ


Бар тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳар нафаре, ки барои сабти номи нашрияи худ ҳуҷҷатҳояшро ба вазорати адлия пешниҳод мекунад, бояд дар зарфи даҳ рӯз иҷозаи расмии фаъолиятро дарёфт кунад. Ва аммо соҳибони рӯзномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, ки наметавонанд, дар зарфи беш аз як соли ахир иҷозаи расмии фаъолият бигиранд, иддао доранд, ки мақомоти вазорати адлия дар баррасии асноди расонаҳои хабарии сиёсӣ ғайримунсифона расидагӣ мекунанд ва ба ҳар баҳона аз сабти номи ин расонаҳо худдорӣ мекунанд. Марат Мамадшоев, муассис ва сардабири рӯзномаи сабти ном нашудаи «Имрӯз» мегӯяд, якуним сол мешавад, ки ӯ наметавонад, рӯзномаашро дар вазорати адлия ба қайд гирад. Ба ақидаи оқои Мамадшоев, мақомоти ин вазорат бидуни ҳеҷ асоси воқеӣ чанд дафъа аз сабти номи нашрияи «Имрӯз» худдорӣ кардаанд, ки ин хилофи қонун аст:

«Ҳамин тартиботи кори вазорати адлия тамоман нодуруст аст. Кори дуруст мешавад, агар ман аз болои вазорати адлия ба додгоҳ муроҷиат кунам, вале рӯирост гӯям, ки ба додгоҳҳо боварӣ надорам ва медонам, ки додгоҳ ин масъаларо ҳал карда наметавонад. Чунки ин масъалаи сиёсист. Ман тарс аз он дорам, ки баъди интихоботи президентӣ ҳам рӯзномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ номнавис нахоҳанд шуд. Ман медонам, ки ҳукумат тарс дорад, ки ин рӯзномаҳо метавонанд вазъиятро нотинҷ кунанд.»

Ба гуфтаи Марат Мамадшоев, танҳо барои ҷой доштани иштибоҳоти имлоӣ дар низомномаи нашрияи «Имрӯз», ин рӯзнома аз сӯйи мақомоти вазорати адлия ба қайд гирифта нашуд. Дар ҳамин ҳол, Исроил Шоев, масъули идораи сабтиноми ашхоси ҳуқуқӣ ва расонаҳои хабарии вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, воқиан дар санадҳои пешниҳодшудаи нашрияи «Имрӯз» хатоҳои имлоӣ зиёд буданд ва ин ҳам метавонад сабаби рад шудани дархости ноширон гардад:

«Дар ҳолати ҷой доштани хатоҳои имлоӣ дар ҳуҷҷатҳо, ноширон бояд ҳатман ин хатоҳоро ислоҳ кунанд. Вақте ки аз тарафи журналистон боз хатоҳои имлоӣ роҳ дода мешавад, дигар ҷойи гап нест. Ин талабот ҳатман барои ҳама якгуна аст. Вақте ҳуҷҷат пешниҳод мешавад, бояд хато надошта бошад, бояд санад бехато ва босаводона навишта шавад. Дар ҳолате ки агар мақомоти бақайдгиранда беасос нисбат ба сабти номи онҳо рад карда бошад, тартиби муайяннамудаи қонун ҳаст, ки онҳо метавонанд ба мақомоти дахлдор, аз он миён ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Кишвари мо демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва пеши роҳи ин масъаларо касе гирифта наметавонад.»

Ҳарчанд теъдоди зиёди рӯзномаҳо ва воситаҳои электронии ахбор интизори сабти ном дар вазорати адлия ҳастанд, аммо то ҳанӯз ягон далели ба додгоҳ кашида шудани масъулини идораи сабти номи расонаҳо дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Фаррухшо Ҷунайдов, ҳуқуқшиноси масоили расонаҳои хабарӣ бар ин назар аст, ки азбаски ноширон ба мустақилияти додгоҳҳои Тоҷикистон эътимод надоранд, шикоят бурдан аз болои вазорати адлияро як амали беҳуда меҳисобанд:

«Пӯшида нест, ба назари ман, ин ҷо шояд масъалаҳои сиёсӣ ҷой дошта бошанд. Ба ҳама маълум аст, ки имсол интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Як мақоли халқӣ аст, ки дар мардуми тоҷик бисёр маъмул аст: «Салларо биёр, инҳо рафта калларо меоранд». Шояд дастандаркорони вазорати адлия аз рӯйи ҳамин мақол кор карда истодаанд. Ҳарчанд ки мо дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем ва тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мо бояд ки мувофиқи қонунҳо танзим карда шаванд, вале барои чӣ давлат имкон намедиҳад, ки мардум, як гурӯҳ шахсон ҳуқуқи конститутсионии худ, ҳуқуқ ба машғул шудан ба фаъолияти тиҷоратӣ, ҳуқуқ ба озодии суханро пиёда кунанд ва ҳукумат бо мақомоташ ин ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд мекунад.»

Ҳамзамон аз Исроил Шоев, масъули идораи сабтиноми ашхоси ҳуқуқӣ ва расонаҳои хабарии вазорати адлияи Тоҷикистон мепурсам, ки оё иддаои бархе аз хабарнигорон дар мавриди ин ки то баргузор шудани интихоботи раёсати ҷумҳур дар моҳи ноябри соли ҷорӣ нашрияҳои мустақили сиёсӣ сабтином нахоҳанд шуд, дуруст аст ва чаро дар вақтҳои ахир нашрияҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба мушкили сабти ном мувоҷеҳ мешаванд?

«Ин асосан нодуруст аст, чунки мо кадом шахси ҳуқуқие, ки тартиби муайянкардаи қонунро риоя мекунад, дар вақти пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои онҳо, агар ин ҳуҷҷатҳо ба қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон мухолифат накунад, мо ҳатман онҳоро сабти ном мекунем. Ва вақте ки аз тарафи вазорати адлия хулосаи раддӣ дода мешавад, дар он ҷо сабаби ин тасмимро асоснок мекунанд, яъне талаботи баъзе аз қонунҳои Тоҷикистонро онҳо риоя накардаанд. Шояд ягон ҳуҷҷатро пешниҳод накардаанд, ё дар дохили оинномаи онҳо баъзе шарту шароите ҷой дода шудааст, ки ба қонунгузории Тоҷикистон мухолифат дорад.»

Дар соли 2005 аз сӯйи вазорати адлияи Тоҷикистон танҳо ҳафт расонаи хабарӣ, аз он миён ҳафтаномаи бачагонаи «Гулхан», рӯзномаҳои ҳукуматии «Сино» ва рекламавии «Тоҷир ва Тиҷорат», муассасаи давлатии телевизиони «Сафина», ширкатҳои «Телевизиони навин» ва «Наврӯз» аз қайди давлатӣ гузаштаанд. Дар ин миён танҳо як нашрия бо номи «Миллат» ҳамчун рӯзномаи ҷамъиятиву сиёсӣ шинохта шудааст. Аммо ба иддаои муҳаққиқони рӯзноманигории тоҷик, дар ҳоли ҳозир ҷойгоҳи нашрияҳои мустақили сиёсӣ, чун «Нирӯи сухан», «Рӯзи нав», «Одаму олам» ва «Адолат», ки ба ҳар сабаб аз нашр бозмондаанд, ҳанӯз холӣ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG