Пайвандҳои дастрасӣ

Дигаргуниҳо дар ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон


Дар ҷаласаи васеъи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои соли 2005 ҷамъбаст шуда, аз баъзе дигаргуниҳо дар ҳайъати ҳукумат хабар дода шуд. Раиси Кумитаи назорати молиявии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов дар ивази Файзулло Холбобоев мушовири калони президент дар умури иқтисодиёт таъин гардид. Ҷаноби Холбобоев намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва созмони иқтисодии АвруОсиё эълон шуд. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода ва муовини вазири алоқа Шералӣ Наҷмиддинов, ки тибқи саҳмияи сӣ дар садаи иттиҳодияи мухолифин ба ин вазифаҳо таъин шуда буданд, бо сабаби синни бознишастагӣ ва табдили вазифа сабукдӯш гардиданд. Ноиби дигари вазири алоқа Иброҳим Усмонов, мушовирони раиси ҷумҳур ва кормандони дастгоҳи ӯ -- Қурбон Восиев, Кароматулло Мирзоев, Тағай Раҳмонов, Усмонқул Шокиров, Аҳмад Умаров ва дигарон низ ба нафақа баромаданд. Сардори раёсати ширкати давлатии ҳавоии Тоҷикистон Мирзо Анваров ҳамроҳ бо муовинонаш аз кор озод карда шуд. Собиқ муовини раиси Бонки Миллӣ, Абдуҷаббор Ширинов Раиси Кумитаи назорати молиявии Тоҷикистон ва собиқ раиси ситоди нирӯҳои марзбонӣ Нуралишоҳ Назаров муовини вазири ҳолатҳои изтирорӣ таъин шуданд. Ҳамчунин раисони бархе аз ноҳияҳо иваз гаштанд. Ба бархе аз вазифаҳо занон таъин шуданд, чунончи Анорҷон Зокирова муовини вазири алоқа, Мунаввара Исмоилова муовини раиси Бунгоҳи кайҳонӣ ва геодезӣ, Шаҳли Неъматова муовини аввали раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ва Талъат Нигорова муовини сармуҳаррири рӯзномаи давлатии "Ҷумҳурият". Дар ҷаласаи васеъи ҳукумат масоили марбут ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар соли гузашта, вазоифи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2006 низ баррасӣ шуд. Бино бар иттилоъи сафҳаи интернетии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷаласа баромад карда гуфтааст, «Муваффақияту дастовардҳои иқтисодии мо дар соли сипаригашта хеле зиёд аст, вале ҳанӯз нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат ба талаботи замон ва беҳбудии сифати зиндагии мардум ҷавобгӯ нест». Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, тибқи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2006 бояд ба андозаи 8 фоиз таъмин бишавад ва меъёри таваррум дар сатҳи аз 6 фоиз поин нигоҳ дошта шавад. Президент Раҳмонов паст будани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, кам шудани ҳаҷми содироти маҳсулот, иҷро нагаштани нишондиҳандаҳои асосӣ дар баъзе соҳаҳои иқтисоди миллиро монеаҳои афзоиши бештари даромади миллӣ номид.
XS
SM
MD
LG