Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Эронро ба Шӯрои Амният мебаранд


Панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал тавофуқ кардаанд, ки парвандаи ҳастаии Эрон бояд ба ин ниҳоди ҷаҳонӣ ирҷоъ ва ё фиристода шавад.
Вазирони умури хориҷии панҷ кишвари узв, Амрико, Русия, Чин, Фаронса ва Бритониё баъди гуфтӯгу дар шаҳри Ландан зимни як баёнияи муштарак гуфтаанд, ки шӯрои ҳукоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бояд дар нишасти худ дар рӯзи дуюми феврал парвандаи ҳастаии Эронро ба Шӯрои Амният бифиристад.
Аммо ин панҷ кишвар гуфтаанд, Шӯрои Амният бояд то моҳи март, то замони баррасии гузориши нави Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ доир ба фаъолиятҳои ҳастаии Эрон мунтазир бошад. Шӯрои Амнияти Созмони Милал метавонад ба зидди Эрон таҳримот ҷорӣ кунад.
Эронро Амрико ва кишварҳои Аврупо муттаҳам мекунанд, ки пинҳонӣ силоҳи атомӣ месозад, агарчӣ ин иддаоро Эрон пайваста рад карда мегуяд, ки барномаҳои атомиаш ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG