Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ чиз ҷавононро ифротгаро мекунад?


Тибқи маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар тӯли соли гузашта 99 нафари муттаҳам ба узвияти гурӯҳи мамнӯъшудаи Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудааст, ки аз миёни онҳо аксариятро ҷавонони 17 то 30 сола ташкил медодаанд. Абдуқодир Муҳаммадиев, сардори бахши назорати қонун дар вазорати амнияти Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд:

«Дар миёни боздоштшудагон, 16 нафар зан ва 2 нафар пешвои ҳизби мамнӯъэъломшудаи ҳизбутаҳрир мебошанд, ки дар мақомоти ҳифзи тартибот нисбати онҳо тафтишот ба охир расидааст ва эшон тибқи банди 37-уми қонуни ҷиноии Тоҷикистон "Ифротгароӣ ва мубориза алайҳи сохти конститусонии давлат" айбдор дониста шудаанд »

Ба қавли масъулини Додситонии кулли Тоҷикистон, аз миёни ҷавононе, ки ба сафи Ҳизби таҳрир шомил шудаанд, аксарият мардон будаанд. Масъулини додситонии кулл мегуянд, одатан тарғибкунандаҳои ин ҳизб ҳангоми вохӯрию сӯҳбатҳо аз ҷонибдоронашон тарафҳои хатарноки идеяҳои ҳизбро пинҳон месозанд.

Давлаталӣ Давлатов, муовини аввали раиси ҲХДТ гуфт, ҳамагуна гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ кӯшиш мекунанд қабл аз ҳама ҷавононро ба сафи худ ҷалб созанд. Чунки ба қавли оқои Давлатов, бо истифода аз нирӯи ҷавонон пешвоёни ин гурӯҳҳо метавонанд аҳдофи худро зудтар амалӣ намоянд.

«Онҳо танҳо ба ҳамон ҷавононе метавонанд такя кунанд, ки он ҷавонон аз нигоҳи сиёсӣ дониши мукаммал надоранд ва дорои таҷрибаи каманд. Маҳз аз ҳамин истифода бурда ,гурӯҳҳои экстремист мехоҳанд, ки онҳоро дар корҳои ношоистаи экстремистӣ ва террористии худ истифода кунанд. »

Дар ин зимн, сӯҳбати сарироҳие доштем бо чанд ҷавони сокини пойтахти Тоҷикистон, ки то куҷо онҳо оид ба Ҳизб-ут-таҳрир ва дигар гуруҳҳои тундрави мазҳабӣ маълумот доранд

«Дар бораи ин ҳизб якум бор мешунавам.»
«Рости гап, исми ҳизбро шунидаам, аммо дар борааш ягон маълумот надорам. Чунки худам бе ин ҳам мушкилотам зиёд аст ва намехоҳам сарамро беҳуда гаранг кунам.»
«То ҷое ман медонам, Ҳизби таҳрир ҳизбест, ки барои исломӣ намудани тамоми давлатҳо тарғибот мебарад. Лекин ба фикри ман ин хел нест. Зеро чуноне, ки ман фаҳмидам, ки онҳо гӯё бо ин роҳ мехоҳанд давлатҳоро якҷоя кунанд, лекин мақсади аслияшон боз ҳам ба даст овардани мансаб аст. Чун одамонро агар аз ислом бештар ҳарф занӣ онҳо тезтар бовар мекунанд.»


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, Ҳизб-ут-таҳрир аз шумули он гурӯҳҳои мазҳабии сиёсиест, ки таъсиси хилофати исломиро дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз ҳадафҳои худ қарор додааст. Дар қаламрави ин ҷумҳуриҳо Ҳизб-ут-таҳрир ба унвони гуруҳи мамнӯъшудаи ифротгаро арзёбӣ шуда, пайравони он мавриди пайгарди қонун қарор мегиранд. Дар тӯли чандин соли охир садҳо нафари муттаҳам ба узвияти ин гурӯҳ боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Дар миёни онҳо ҷавонон ва занон ҳам кам нестанд. Дар соли 2004 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо ҷурми узвият ба ин гурӯҳи ифротгаро 38 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 97 узви он ба маҳкама кашида шудаанд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон иллати ҷалб шудани ҷавононро ба чунин гурӯҳҳои тундарв дар мавҷуд будани мушкилоти сершумори иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар кишвар медонанд. Муҳиддин Кабирӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ мегӯяд, ҳарчанд афкори Ҳизб-ут-таҳрир тахайюлӣ аст, аммо барои ҷавонон зуд қабулшаванда мебошад.

«Онҳо мегӯянд, агар афкори Ҳизб-ут-таҳрир амалӣ шавад, пас ҳама он мушкилоте ки имрӯз ҷавонон доранд, мисли бекориву ришвахорӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Агарчӣ ин афкори тахайюлиянд, аммо барои як ҷавоне, ки дорои мушкилоти сершумор аст, хеле ҷолиб менамояд. Дар ҳоле ки аксарияти ҷавонон фориғ аз кору таҳсил ва дигар ҷойгоҳе, ки шахсияти худро пайдо кунанд, онҳо ҳатман дар ҷустуҷӯи чунин як назарияҳо ва ё афкори алтернативӣ мешаванд. Худи ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки мутаассифона барои онҳо як мақом, ҷой ва ё фикри ҷадидеро матраҳ карда наметавонад, табиист, ки онҳо дар ҷустуҷӯи чунин фикр хоҳанд буд. Яъне онҳо мехоҳанд худро бишносанд ва нишон бидиҳанд. »

Фирӯз Саидов, сардори бахши ҳифзи иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, василаи дигари ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав истифода аз эҳтиёҷоти молии онҳо мебошад.

«Вақте ки музди миёнаи камтарин 12 сомонӣ, яъне 4 доллар мебошад, агар ба ин ҷавон шумо 100 ва ё 150 доллар пешниҳод кунед, ӯ ҳатман ба ин кор меравад, зеро тафаккури ӯ иваз шудааст ва ӯ қабл аз ҳама дар фикри пеш бурдани зиндагӣ ва таъмини рӯзгораш аст. »

Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон метавон аз вуруди онҳо ба суфуфи гурӯҳҳои тундрав пешгирӣ кард, чун онҳо маҳз барои қонеъ гардонидани ниёзҳои маънавӣ ва эътиқодии худ ба гурӯҳҳои тундрав рӯ меоранд.
XS
SM
MD
LG