Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари тими Тоҷикистон ба Турин


Бино ба иттилои Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба гурӯҳи аввал ду варзишгар - Андрей Дригин ва Абдуғаффор Шарифов, ҳамчунин мудири иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Абдуллоев ва дабири кулли ин кумита Ширинҷон Мамадсафоев дохиланд. Фарид Солеҳов афзуд:

«Дар Олимпиадаи Турин, ки аз 10 то 26 феврал оид ба 17 навъи варзиш баргузор мешавад, намояндани Тоҷикистон, Андрей Дригин танҳо дар як ришта - лижаронии кӯҳӣ рақобат хоҳад кард. Ӯ порсол дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Швейтсария, Австрия ва Русия меъёри олимпиро иҷро карда, барои ширкат дар Олимпиадаи Турин роҳ ёфтааст. Вале Абдуғаффор Шарифов, ки меъёри олимпиро ба ҷо наовардааст, дар Бозиҳои бистуми зимистона танҳо барои таҷрибаомӯзӣ ширкат меварзад.»

Ба гуфтаи Фарид Солеҳов гурӯҳи дуввуми ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки аз даҳ нафар иборат аст, рӯзи 8 феврал озими Италия хоҳад шуд. Ба ин ҳайат раҳбарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва намояндагони Ширкати «РУСАЛ»-и Русия - сарпарасти асосии дастаи Тоҷикистон дохиланд.
XS
SM
MD
LG