Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маразе, ки беш аз 100.000 тоҷик гирифтораш ҳастанд


Моҳбегим Давлатмамадова - сардухтури бахши бемориҳои ҷоғари беморхонаи амрози гастроэнтерологияи Тоҷикистон мегӯяд: «Дар кишвар бар тибқи иттилоъи расмӣ дар соли 2005 ҳудудан 130.000 бемори ҷоғар ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар Хатлон 29.612 нафар, Суғд- 33.548 нафар, Бадахшон- 5.752 кас, навоҳии тобеъи марказ- 47.338 нафар ва дар Душанбе-пойтахти Тоҷиикстон 13.280 нафар ҷоғар шудаанд».

Ин дар мавридест, ки бар тибқи иттилоъи табибон марази ҷоғар барангезандаи дигар амроз аст. Ба вежа ҷоғар барои занон паёмади номатлуб дорад. Зеро бар асари он бонувон ё атфоли мурда, ё маълули зеҳнӣ таваллуд мекунанд ва ё исқоти ҳамл. Ҷоғар ҳамзамон барои насли наврас паёмади боз ҳам сангин дорад, ки метавонад онҳоро аз афзоиши ҷинсӣ нигоҳ дорад, касалманд кунад ва ба «критинизм»-ноқисулақлӣ мусоидат намояд. Ба иттилоъи Рима Корсакова-мудири беморхонаи ҷоғар дар водии Кӯлоб, дар гурӯҳи навоҳии ин мавзеъ беш аз 14.000 нафар гирифтори ҷоғаранд. Беш аз 4.100 нафар дар соли гузашта мариз шудаанд. Рима Корсакова мегӯяд, дар ин сол ҳудудан 2.000 кӯдак ҷоғар шудааст.

Сабаби аслӣ ва ягона барангезандаи ҷоғар набуди ёд дар таркиби намак аст. Аз ин рӯ, истеъмоли намаки ёддор ягона доруест, баҳри дафъи мараз. Вале оё дар дӯконҳои кишвар намаки ёддор мефурӯшанд? Ва оё сокинони кишвар аз намаки ёдкоришуд истеъмол мекунанд? Дар бозорҳои бузургтарин шаҳрҳои кишвар-Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа мардум усулан ё намаки беёд истеъмол мекунанд ва ё намаки камёд мефурӯшанд. Ин дар мавридест, ки намак ягона сарвати бебаҳо ва беохири Тоҷикистон аст. Ва ҳам ҷои таассуф аст, ки конҳои бузурги намак дар Хоҷаи Мӯъмини Ҳамадонӣ ва Хоҷаи Сартези Балҷувон, ки бар тибқи иттлоъи расмӣ метавонанд то сад сол тамоми сокинони оламро бо намак таъмин доранд, сабаби аслии бадбахтии мардум шудаанд.

Барои ёдкории 1 тонна намак 40 гр. ёд лозим аст. Коршиносон мегӯянд, корхонаҳои истеҳсоли намак ёд доранд. Ёдро созмонҳои байнулмилали хайрия ба корхонаҳо овардаанд. Шодӣ Шодмонов - садри Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар минтақаи Кӯлоб ба хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, ин созмон барои ёдкории намак ба корхонаи истеҳсоли намаи Восеъ кӯмак кардааст. Ва аммо ташхиси намаки истеҳсоли ин корхона собит кард, ки дар аксари маврид корхона намакро пурра ёдкорӣ накардааст. Бар тибқи иттилоъи Маркази вогиршиносии Кӯлоб аз 254 нуқтаи фурӯши намак дар 138 маврид норасоии ёд дар таркиби намак муайян шудааст.

Вале хатари бештар ба ҷони мардум аз ҷониби намакфурӯшони инфиродӣ мушоҳида шудааст. Маркази вогиршиносӣ мегӯяд, аз 116 тоҷири кӯчагии намак, ки мавриди ташхис қарор гирифтанд, ҳамаи онҳо намаки беёд мефурӯхтаанд. Ин дар мавридест, ки аксари сокинони камбизоати Хатлон намаки беёд истифода мебаранд, ки ҳар шому саҳар тоҷирони кӯчагӣ ба хонаҳои ишон меоранд ва бо пули андак мефурӯшанд. Аз сӯи дигар, то ҳанӯз мардум намедонад, ки барангезандаи ҷоғар чист ва чӣ паёмаде барои инсонҳо дорад. То ҳанӯз сокинони Хатлон бар ақидаанд, ки намаки бе ёд онҳоро мариз намекунад.

Ҷоғар маразест, ки фарогиртар мегардад. Масъулин дақиқан намедонанд, ки теъдоди маризони ҷоғар чанд аст. Зеро бар тибқи таомул аксари маризон то шиддати дард ба беморхона муроҷиат намекунанд. Аммо теъдоди расмии маризони ҷоғар низ нигаронкунанда аст: Моҳбегим Давлатмамадова-сардухтури бахши бемориҳои ҷоғари беморхонаи амрози Гастроэентерологияи Тоҷикистон мегӯяд, «Барои мисол, дар соли 2004, 168.000 мариз ба қайд гирифта шуда буд. Солҳои пеш боз ҳам зиёдтар буданд беморон. 200.000 ҳам буд, 300.000 ҳам буд мариз. Барои мисол, дар солҳои 1997- 1998, 267.000 бемор ба қайд гирифта шудааст».

Ва агар бигирем, ки ҳамасола то 200-300.000 нафар бо иллати ҷоғар ба дармонгоҳҳо муроҷеъ шудаанд, метавон тахмин зад, ки маризони ҷоғар шояд дар кишвар аз миллион нафар ҳам зиёд бошанд...
XS
SM
MD
LG