Пайвандҳои дастрасӣ

Ирсоли парвандаи Файзинисо Воҳидова ба додгоҳ


Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд

Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, парвандаи Файзинисо Воҳидова - вакили дифоъи мустақили Суғд ва як узви фаъоли Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистонро, ки ба истифода аз дипломи қалбакӣ айбдор мешавад, ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд ирсол кардааст.
Абдуғаффор Қаландаров - додситони Суғд ахиран гуфт, ки алайҳи Воҳидова ба ҷуз аз истифодаи дипломи қалбакӣ, инчунин иттиҳоми расонидани хисороти молӣ ба афрод бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ пешниҳод шудааст. Аммо вакили Воҳидова -- Бахтиёр Насруллоев мегӯяд, бо далелҳои мушаххас пешниҳод кардааст, ки ҳар се нуктаи айбнома бекор ва Воҳидова озод шавад. Вале эҳтимол меравад, мақомоти тафтиш айбномаи таҳрир ва изофашудае омода карда бошанд.
Додгоҳи Хуҷанд мегӯяд, ҳанӯз ба бозбинии парвандаи Файзинисо Воҳидова шурӯъ накардааст. Воҳидова дар ибтидои моҳи октябри соли гузашта дар манзили зисти худ аз ҷониби кормандони додситонӣ боздошт шуда буд. Дар он замон хонум Воҳидова дар як Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Хуҷанд, ки дар ду соли қабл аз ҷониби худи ӯ таъсис дода шуда буд, ба ҳайси ҳуқуқшинос ва вакили дифоъи мустақил фаъолият мекард. Вай моҳи марти соли равон ба ҳайси узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон номзадии худро барои иштирок дар интихоботи парламентӣ аз як ҳавзаи Хуҷанд пешбарӣ намуд. Боздошти Файзинисо Воҳидова дар маҳфилҳои ҳуқуқшиносони Хуҷанд аз боздошташ то кунун вокунишҳое ба бор овардааст. Бархе аз вакилони мустақили Суғд бар онанд, ки агар Воҳидова дар мурофиаҳо ва мақолаву суханрониҳои худ аз камбуди низоми додситонӣ дар Тоҷикистон шадидан интиқод намекард, эҳтимол меравад мавриди таваҷҷӯҳи ҷудогона ва тафтиши мӯшикофонаи додситонӣ қарор намегирифт.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG