Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигоҳе ба бозори телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон


Танҳо дар чанд рӯзи аввали соли нав дар бозори телефонҳои мобайли Тоҷикистон чанд навгонии зиёде ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла ба фаъолият шурӯъ кардани 3 ширкати нав, аз ҷониби ширкати маъруфи "Билайн" харида шудани 60 дарсади саҳмияҳои "Тоҷфон" ва пайдо шудани таъаруфаҳои нави ширкатҳои мавҷудаи мобайлӣ.

3 ширкати ҷадиди арзакунандаи хадамоти телефонҳои мобайл "Тоҷиктелеком", "Телеком ИНК" ва "Эмтеко" мебошанд, ки дар бозори мобайли Тоҷикистон ба тозагӣ ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Бар тибқи иттилоъи вазорати мухобирот, "Тоҷиктелеком" ва "Телеком ИНК" феълан танҳо мавҷҳои санҷишии худро ба роҳ мондаанд. Аммо ба ҷуз ин, имрӯз дар бозори мобайли кишвар 7 ширкати арзакунандаи хадамоти мобайл фаъолият дорад.

Вазорати мухобироти Тоҷикистон мегӯяд, ки шумори истифодабарандагони телефонҳои мобайл ҳам рӯзафзун мегардад. Имрӯз муштариёни тамоми ширкатҳои мобайл тақрибан 420 000 нафарро ташкил медиҳад. Ширкатҳои маъруф ва сермуштарӣ ин ширкати "ИНДИГО", ки ба гуфтаи аксари муштариён, сифати хубтар дорад ва дар тамоми манотиқи кишвар мавҷаш фаро мегирад, ширкати "Бабилон", ки хидматрасониаш нисбатан арзонтар аст ва ширкати МЛТ аст, ки ин ҳам таъаруфаҳои зиёди имтиёзнок дорад.

Баробари зиёд шудани шумори ширкатҳои мобайл ва рақобат миёни онҳо барои истифодабарандагони телефонҳои мобайл интихоби васеъи хизматрасониҳои хубу нисбатан арзон фароҳам омадааст. Имрӯз аксари муштариёни телефонҳои мобайл бо истифодабарии тарофаҳои "Партнёр"-и ширкати "Индиго" ва таъаруфаи ба истилоҳ "Десяточка"-и МЛТ, ки тамоми зангҳои даромадаш ҳатто аз хориҷи кишвар ҳам ройгон ва занги баромадаш то 10 сония бепул аст, имкон доранд беташвиш ва бемалол бо ҳам сӯҳбат кунанд. Аз ин таъаруфаҳо ҳаққи пардохти муштарӣ 10 долларро ташкил мекунад. Ширкатҳои телефонҳо ҳамроҳ бо мақсади тоб овардан дар ин рақобат ва зиёд намудани теъдоди муштариёни худ барои онҳо имтиёзҳои беш аз бешро фароҳам меоваранд.

Баҳриддин Наҷмиддинов, раҳбари ширкати мобилии "Индиго" мегӯяд барои пешрафти фаъолияти ширкат имрӯз пешкаш намудани чунин таъаруфаву имтиёзҳо ба муштариён зарур аст. Ва худи ширкати "Индиго" имрӯз 2 чунин навъи нави арзаи хадамотро бо номи "Партнёр" ва "Приём" ба роҳ мондааст.

Ширкатҳои мобайл ҳамчунин дар ҳар иду ҷашнвораҳо хизматрасонии худро арзон ва ё умуман ройгон пешкаши муштариён мекунанд. Нархномаи як дақиқаи гуфтугӯи телефони мобайл дар Тоҷикистон аз 10 то 40 дирамро ташкил мекунад. Ва истифодабарандагони телефонҳои мобайл дар як моҳ ҳадди ақал 10 доллар масраф мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG