Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли генерал - майор Ҳакимшоҳ Ҳафизов


Дар нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа намояндагони мақомоти вазорати дифоъи Тоҷикистон ва устодону шогирдони донишкадаи низомии ҳамин вазорат бо генерал майор Ҳакимшоҳ Ҳафизов видоъ карданд. Ҳакимшоҳ Ҳафизов, раҳбари донишкадаи низомӣ субҳи ҳамин рӯз тақрибаи дар соати 8.30, замоне, ки мехост, аз манзили зисташ воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ба қасди ҷои кор берун шавад, дар назди даҳлези хона аз тарафи афроди ношинос бо зарби гулулаи таппонча ба қатл расид. Сокинони пойтахти Тоҷикистон тақрибан дар чор соли ахир шоҳиди чунин куштор нашуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Абдусамеъ Додобоев, муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ҷиҳати ошкор кардани ин ҳодиса аз тарафи кормандони вазорати умури дохила, намоянадгони додситони ноҳияи Сино корҳои ҷустуҷӯӣ шурӯъ шудааст. Ӯ гуфт, «Парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст аз рӯи моддаи "одамкушӣ", тафтишот шурӯъ гардид. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронд, шоҳидон, шахсонеро, ки дар гирду атроф буданд, пурсуҷӯ карда истодааст.»

Ҷаноби Додобоев гуфт, феълан, роҷеъ ба сабаби куштори генерал Ҳакимшоҳ Ҳафизов ҳеҷ иттилоъе дар даст нест ва оид ба чӣ ангеза марбут будани ин куштор чизе нагуфт.

Як намояндаи Додситонии шаҳри Душанбе дар робита ба ин масъала гуфт, ба хотири халал науфтодан ба ҷараёни корҳои ҷусутуҷуӣ аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон дар нимаи аввали ҳамин рӯз, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон бинобар рух додани ин ҳодиса бо ширкати намояндагони мақомоти ҳамин вазорат ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Ва ба дунболи ин ҷаласа, президент Эмомалӣ Раҳмонов, вазири дифоъро ба ҳузур пазируфт.

Ҳакимшоҳ Ҳафизов дар соли 1982 омӯзишгоҳи ҳарбии Алмааторо хатм кард ва як муддат муовини кумиссияи низомии ноҳияи Балҷувон буд. Аз соли 1998 то соли 2000 муовини раиси Донишкадаи ҳарбии вазорати дифои Тоҷикистон мансуб шуд ва аз соли 2000 то ба ин тараф сарварии ҳамин донишкадаро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG