Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси қатъи барномаҳои Би-Би-Си идома дорад


Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, барномаҳои радиои Би-Би-Си рӯйи мавҷи ФМ ғайриқонунӣ пахш мешуд ва аз ин рӯ, дар бораи муваққатан боздоштани пахши барномаҳои он тасмим гирифта шуд. Ӯ таъкид кард, ки ин тасмими Кумитаи телевизион ва радио ягон ангезаи сиёсӣ надорад. Асадулло Раҳмонов афзуд, масъулони родиёи Би-Би-Си ҳанӯз шаш моҳ пеш огаҳ буданд, ки бояд аз Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон иҷозаи пахш бигиранд:

Ин ба қонунгузории нав вобаста нест, чуноне ки дар васоити ахбори умум имрӯз гуфта истодаанд, ки ин тасмими мо дар пайи қабул шудани қонуни нав дар бораи муҷаввиздиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дар моҳи августи соли 2005 сурат гирифтааст. Ин нодуруст аст. Пахши барномаҳои радио ва телевизиони хориҷӣ бояд дар асоси шартномаи байни ду давлат сурат гирад.

Ҳамзамон Маҳмудхон Сараев, корманди шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон эътирозҳои Би-Би-Си ва сафорати Бритониёро, ки дар пайи тасмими Кумитаи телевизион ва радио баланд шуданд, бепояву асос хонд ва гуфт:

Азбаски имрӯз созишномаи байналмилалӣ миёни Тоҷикистону Бритониё ё ҳадди ақал миёни Би-Би-Си ва Кумитаи телевизион ва радио ба имзо нарасидааст, мо дар заминаи ҳамин қонун рафтор кардем.

Ва аммо Сӯҳроби Зиё, мудири дафтари Би-Би-Си дар шаҳри Душанбе иддаои мақомоти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар мавриди пахши ғайриқонунии барномаҳои Би-Би-Сиро рад кард:

Ҳарчанд бо ибтикори ҷониби Би-Би-Си дар моҳи июн ва ҳамин тавр дар авоили моҳи декабри соли 2005 миёни мақомоти аршади Би-Би-Си ва ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон ин мавзӯъ баррасӣ шуда буд, дар мавриди додани мӯҳлат то 10-уми январ намояндагии Би-Би-Си дар Тоҷикистон ё дар Лондон ба таври расмӣ огоҳонида нашуд.

Ҳамзамон дар нишасти хабарии Кумитаи телевизион ва радио гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир Кумиссиюни муҷаввиздиҳӣ асноди шаш телевизион ва радиои ғайриҳукуматиро мавриди баррасӣ қарор додааст.Ҳамчунин гуфта шуд, ки шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ пахши барномаҳои Телевизиони давлатии Тоҷикистон ва телевизиони «Сафина» аз тариқи моҳвора сурат хоҳад гирифт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG