Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ хостори рушди маорифи Тоҷикистон шуд


Ин маблағ барои татбиқи чораҳои оҷил ба хотири ҷилавгирӣ аз бадтар шудани вазъи таълиму тадрис дар Тоҷикистон дар соли 2006 ум ва аз ҷумла, Барномаи миллии рушди маориф пешбинӣ шудааст.
Дар як иттилоъи ахиран нашркардаи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе гуфта шудааст, тасмим дар бораи ҷудо кардани кумаки бебозгашт барои бахши маорифи кишвар баъди он гирифта шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта Тоҷикистон ба барномаи "Ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби татбиқи фаврии ибтикорот"-и Бонки ҷаҳонӣ пайваст. Дар нишасти Пекин Бунёди Каталитикии Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин қарор кард, ки барои рушди бахши маорифи Тоҷикистон дар соли 2007-ум низ $9.2 миллион ҷудо намояд. Ва аммо дастрасӣ ба ин маблағ баъди он имконпазир хоҳад буд, ки то куҷо самар додани кумаки барои соли равон ҷудошуда рушан гардад.
XS
SM
MD
LG