Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо роҳбари донишкадаи низомии Тоҷикистон


Бегоҳи рӯзи ҷумъа дар толори Донишкадаи низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон маросими видоъ бо генерал - майор Ҳакимшоҳ Ҳафизов баргузор гардид. Ҳакимшоҳ Ҳафизов субҳи имрӯз, 27 январ дар назди манзилаш дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Бино бар иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, суиқасд ба ҷони генерал - майор Ҳакимшоҳ Ҳафизов соати ҳашту ними субҳ сурат гирифт. Афроди номаълум ӯро дар назди хонааш, ҳангоме ки ба мошинаш менишастааст, ҳадафи тир қарор доданд. Дафтари матбуоти вазорати умури дохила ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот аз додани иттилооти бештар худдорӣ кард. Абдусамеъ Додобоев - муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон низ ба бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва гурӯҳи фаврӣ ба тафтиши фоҷиа шурӯъ кардааст. Ин гурӯҳ аз ҷои ҳодиса дидан ва бо шоҳидону мардуми гирду атроф сӯҳбат кард. Айни ҳол ҷаноби Додобоев гуфт, ҳанӯз рушан нест, ки қатли Ҳакимшоҳ Ҳафизов ба фаъолияти хидматии ӯ рабте дорад ё на. Генерал - майори 41 сола Ҳакимшоҳ Ҳафизов соли 1998 сарвари донишкадаи низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон таъин шуда буд. Қарор аст, ки маросими ҷанозаи ин низомии баландпоя фардо доир шавад.
XS
SM
MD
LG