Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайти шоҳмоти Тоҷикистон


Ёқуб Раҳимов, муовини аввали раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар бастагӣ ба ин мусобиқа ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар рақобатҳо миёни мардон 35 нафар ва миёни занон 10 нафар ширкат доранд, ки байни онҳо собиқ қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон Рашид Ҳусейнов, Сӯҳроб Ҳамдамов ва қаҳрамони феълии кишвар миёни бонувон Саодат Одинаева ҳастанд. Ҳамчунин дар сабқати мардон се нафар беҳтарин шоҳмотбоззани Душанбе иштирок мекунанд.»

Ёқуб Раҳимов афзуд, ин мусобиқа аз нуҳ давр иборат буда, то севуми феврал идома хоҳад кард ва чаҳор нафар беҳтарин шатранҷбози рақобатҳо миёни мардон ва занон ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, ки 18 феврал дар шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад, сазовор мегарданд.

Ёқуб Раҳимов, ҳамчунин хабар дод, ки Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон миёни федератсияҳои варзишии кишвар нахустин шуда сайти интернетии худро (chess.tajik.net) роҳандозӣ кардааст. Дар сафҳаи интернетӣ дар бораи фаъолияти федератсия ва ширкати шатранҷбозони тоҷик дар мусобиқоти мухталиф хабарҳои тоза пайдо кардан мумкин аст.
XS
SM
MD
LG