Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ислом ва наққошӣ


Абдураҳим Умарзод Ин матлаб бахше аз барномаи ҳафтавори "Ҳамнафас" аст, ки ба таври матни комил дар ин гӯша нашр мешавад. Агар ба худи барнома руҷӯъ кардан мехоҳед, тирчаро ба рӯи вожаи сабзи "Ҳамнафас" бигзоред ва фишор диҳед. Гуфтор ба вазъи ҳунари нигоргарӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он бахшида шудааст.

Тасвири акси инсон ва сохтани ҳайкалҳо дар дини ислом дар бештари мавридҳо мамнӯъ дониста мешудааст. Ба гуфтаи мутафаккирони ислом ҳарчанд дар ин бора дар Қуръони азимушшаън оят нозил нашудааст, аммо пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (С) дар мавриди кароҳият доштани сурат дар хона ва мамнӯъ будани парастиши ҳайкалҳо дар аҳодисе ёдрас мешавад. Аммо дар ин миён на ҳама гуна сурат метавонистааст, макруҳ бошад. Абдулмаҷид Тош намояндаи сафорати Туркия дар донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ ва ҳамзамон устоди Донишгоҳи мазкур мегӯяд, сурат танҳо дар ҳоле мамнуъ дониста мешавад, ки агар ба шакли муҷассама кашида шавад ва он мавриди парастиш қарор бигирад:
«Суратҳое, ки ба олати футурофӣ кашида мешаванд, чӣ тамом бошад, чӣ нимтамом инҳо ягон зараре надоранд. Чунки ин сурат нест ин соя ҳаст. Исломият ҳамин хел роҳ медиҳад. Яъне олатҳое ҳастанд ки рафта бо аксбардор сурат мегирӣ зарар надорад. Бо даст ҳам кашӣ зарар надорад чунки бадани том нест, яъне ҳайкал ташкил намекунад. Чизе ки ҳайкалро ташкил накунад, зарар надорад,»
Ҷаноби Тош меафзояд дар бештари мавридҳо суратҳоеро мебинем, ки ба шакли пурра кашида шудаву мушобеҳи бутҳо ҳастанд, аммо ин аксҳо дар ҳоли эҳтиёҷ зараре надоштааст.
Дар ҳамин робита ислом мавҷудияти акс дар хонаеро, ки дар он намоз мегузоранд, рад мекардааст. Шарҳи ин матлабро Мирзомуҳиддини Пирзода устоди дигари донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи имом Тирмизӣ ингуна овард:
« Мусаввара ва ҳайкал аз дидгоҳи дини мубини ислом ва мазҳаби Имоми Аъзам дар боби ибодат мувофиқи суннати ҳазрати Расуллулоҳ макруҳ аст. Аз ҳадиси ҳазрати Ҷабраил ривоят кардагӣ, ки: Анно ло ядхулу байтун фиссуратун ав калбун. Яъне мо дохил намешавем хонаеро, ки дар он хона сурат ё ин ки саг. Мурод аз сурат маъбадҳое бошанд, ки ба сӯи ӯ инсон ба тариқи ибодат саҷда кунад. Бино бар ҳамин аз дидгоҳи суннати расули акрам наҳй карда шудааст, яъне ки макруҳ дониста шудааст.»
Ба гуфтаи оқои Пирзода дар мавридҳое, ки аксҳо дар рӯи пулҳои коғазӣ ва дигар ашё иникос ёфтааст, аз нигоҳи ислом ба хотири эҳтиёҷ доштани мардум барои он иҷоза дода мешудааст.
Вале мо хостем ин матлабро аз муҳассилини донишгоҳи исломӣ бипурсем аммо аксарият аз суҳбат ба мо худдорӣ намуданд ва танҳо як нафар ки худро Қурбон муаррифӣ намуда гуфт:
«Ман дар ин бора ҳеҷ чиз ҷабов намедиҳам ҷура. Савод надорам . Ҳамин қадар медонам, ки гуноҳ аст кашидани расм, аммо далел надорам рости гап, лекин ҳамин қадар медонам ки гуноҳ аст.»
Ёдовар мешавам бештари муҳассилини Донишгоҳи исломии Тоҷикистон баъд аз хатми донишгоҳ маъмулан ба ин ё он масҷид ба вазифаи хатиб таъин мешаванд ва мардум аз рӯи ниёз роҷеъ ба масоили динӣ аз эшон маслиҳат мепурсанд. Таври маълум вақтҳои охир дар деворҳои масҷидҳо расмҳои хонаи каъба ва амсоли он овехта мешаванд, аммо Абдулмаҷид Тош намояндаи сафорати Туркия дар донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи имом Тирмизӣ мегӯяд, дар мавриди намозгузорӣ ҷиҳати қибла бояд бидуни аксҳо ва дигар ашё бошад.
"Ин ҳам нодуруст аст . Дар ҷиҳати қибла ягон чизе, ки инсон бо он машғул шавад , аз хушуъи намоз дур шавад, чи чизе бошад макруҳ аст. Сурат бошад ҳатто бадтар аст. Ҳатто як ҳадисе ҳаст дар бораи зебу зебо кардани масҷидҳо. Яке аз аломати қиёмат он аст, ки масҷидҳоро зебу зебо кунед, ки девори пеши қибла базеб бошад, чашми инсон бубинад . Вақте дилаш ба он машғул мешавад аз ҳузури худо намоз дур мемонад. Ин ҳам дуруст нест."Ҷаноби Тош ҳамчунин мегӯяд дар баъзе мамолики исломӣ тасвирҳои ҳазрати Аливу дигар бузургони ислом таҳия ва фурухта мешаванд, ки аз нигоҳи ислом нодуруст будааст: "Ба ақидаи ман ин расми сурати ҳазрати Алӣ нест. Ин як ташбеҳ аст, ки сохта шудааст. Ташбеҳи сурати ҳазрати Алиро гирифта мефурушанд, лекин барои эҳтироми зиёд аз ҳад зиёд эҳтиром кардан ҳам дуруст намешавад. Ҳатто пайғамбари худо мегӯяд, ки манро аз ҳадди ман нагузаронед . Ман як башар ҳастам , расули худо як башар ҳастам. Мисле, ки насороҳо ҳазрати Исоро аз ҳад гузаронданд, гуфтанд писари Худо ҳаст , манро аз ҳадди ман нагузаронед . Чизе ки аз ҳад гузарад дуруст намешавад."
Аммо Мирзомуҳиддини Пирзода мегӯяд, аслан дар дини Ислом парастиши ҳайкалҳо мамнӯъ дониста мешавад. Аз ӯ мепурсам дар ҳоле ки бархе аз навхонадорон дар маросими ақди никоҳ ба назди муҷассамае мераванду гул мегузоранд ва онро саҷда мекунанд оё ин дуруст аст?
"Ҳазрати расули Акрам (С) дар ҳадисашон гуфтаанд, ки: Анникоҳа суннати-никоҳ суннати ман аст. --Фаман рағиба ан суннати" пас касе, ки руй гардонад аз суннати ман. "Фалайса минни", яъне ки вай аз уммати ман нест. Никоҳи ҳазрати расулуллоҳ чунин буд, ки дар он замон ба ин шакл сурат намегирифт: хутба хонда мешуд, ба шаҳодати ду шоҳид зан тану нафсашро мебахшид. Хутба мехонданду маҳр медоданд. Лекин дар он замон суратпарастиву назди сурат рафтан вуҷуд надошт. Мисол ки ба назди ҳайкал рафтану ба ӯ сар хам кардан аз дидгоҳи дини мубини Ислом муравваҷ нест. Ба сурате, ки барои эҳтиром гузоштани ҳамон рамзӣ агар кунанд, ин монеият надорад.Лекин агар барои саҷда кардан бошадин масъала фарқ дорад."
Ҷаноби Пирзода афзуд, ҳануз дар соли 623-и милодӣ, вақте пайғамбари ислом аз Макка ҳиҷрат менамуд, 360 бутеро, ки дар даруни Макка вуҷуд дошт ва аз ҷониби бани Қурайш ва бани Ҳошим парастиш мешуданд, бо дасти худ сарнагун сохт ва аз ҳамон замон инҷониб дар дини Ислом сохтани ҳайкале, ки шабеҳи бут будаву мавриди парастиш қарор мегирифтааст мамнуъ дониста мешудааст.
XS
SM
MD
LG