Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташкили биржаи кории Русия ва Тоҷикистон


Ба манзури қонунисозии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия, ду кишвар биржа ва ё бурси корӣ ташкил хоҳанд кард. Ин матлабро Наталя Власова, мудири бахши муҳоҷирати кории хориҷии Хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия, рӯзи панҷшанбе дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав эълом кард.

Вай гуфт: "Айни ҳол бо Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ташкили бурси кори Русияву Тоҷикистон баррасӣ мешавад." Наталя Власова афзуд, дар бурс яке аз бахшҳои муҳим шӯъбаи иттилоотӣ ва тавзеҳотӣ хоҳад буд, ки ба хоҳишмандон дар бораи бозори кори Русия ва касбу ҳунарҳои зарурӣ маълумот медиҳад.

Вай тавзеҳ дод: "Бурси кор ба муҳоҷирати кории муташаккил ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат хоҳад кард."

Хадамоти Федералии Муҳоҷиратии Русия нишасти матбуотиро ба манзури натиҷагирӣ аз афви озмоишии муҳоҷирони корӣ баргузор намуд.

Муовини раиси хадамот Вячеслав Поставнин тайи суханони худ эълом кард:
"Дар ҷараёни озмоиш, ки аз моҳи сентябр то моҳи декабр, дар 10 минтақаи калонтарини Русия анҷом ёфт, 7500 ҳазор муҳоҷирон барои кори қонунӣ ҳуқуқ пайдо карданд. Онҳо ба буҷаи Русия 350 миллион рубл ва ё муодили наздик ба якуним миллион доллар фоида овардаанд."

Вячеслав Поставнин шеваҳои баргузории озмоишро шарҳ дода, гуфт: "Кормандони Хадамоти Федералии Муҳоҷират, ҳамроҳ бо намояндагони вазорати кор, тандурустӣ ва пулис дар корхонаҳои бузург ба муҳоҷирони корӣ варақаи муҳоҷиратӣ, тазкираи сабти иқомат ва барои 8 моҳ иҷозаномаи кор доданд."

Ва аммо мақоми баландпояи Хадамоти Федералии Муҳоҷиратӣ дар посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди ин ки муҳоҷирони қонунишуда пас аз 8 моҳ оё метавонанд иҷозаномаи кори худро тамдид намоянд, ё не гуфт, чунин низом ҳанӯз вуҷуд надорад.

Дар гузоришоте, ки Хадамоти Муҳоҷиратии Русия интишор кард, гуфта шудааст, дар ҷараёни қонунисозии таҷрибавӣ 1823 нафар муҳоҷирони кории Тоҷикистон мақоми муҳоҷири қонунӣ дарёфт кардаанд, аз ҷумла дар Маскав 190 ва дар Екатеринбург 807 нафар.
XS
SM
MD
LG