Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии RSF аз иқдоми Тоҷикистон


Созмони ҳимоят аз матбуоти озод "Гузоришгарони бидуни марз" аз муттавақиф шудани пахши барномаҳои Радиои Би Би Си рӯи амвоҷи FM дар Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кард. Ин созмон дирӯз зимни як баёнияи расмӣ гуфт, чунин ба назар мерасад, ки мардуми Тоҷикистон феълан ба ахбори объективӣ ва бетарафона дастрасии каме дорад ва дар ҳамин ҳол ҳукумат аз баҳонаҳои бюрократӣ истифода мебарад, то дар роҳи фаъолияти расонаҳои хориҷӣ ва мустақил монеа эҷод кунад.
Дар ин бора Аннабела Акӣ - раҳбари департаменти Аврупо ва кишварҳои собиқи шӯравӣ дар созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо бояд аз қатъи пахши барномаҳои Би Би Си рӯи мавҷи FM нигарон бошем, ки аз 10 уми январи имсол ба вуқуъ пайваст. Чаро ки ба андешаи мо, мақомоти расмӣ баҳонаҳои бюрократиро истифода мекунанд, ки барои расонаҳои хориҷӣ ва мустақил дар пахши барномаҳо ва инъикоси ҳодисаҳо дар Тоҷикистон мушкил эҷод намоянд. Дар ин кишвар муқаррароти расмӣ барои матбуот бисёр печида аст ва имкон намедиҳад, ки расонаҳо то замони муқарраршуда худро сабти ном кунанд.
Илова бар ин барои онҳо мушкил аст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои лозимро дар фурсати кӯтоҳе ҷамъ оварданд ва аз ҳамин аст, ки пахши барномаҳои Би Би Си рӯи мавҷи FM муттавақиф шуд."

Аннабела Акӣ ҳамчунин гуфт, "Гузоришгарони Бидуни Марз" ҳамчунин аз он нигарон аст, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ба матбуот фишор оваранд, то ки онҳоро дар остонаи интихоботи президентӣ, ки ба моҳи ноябри имсол барномарезӣ шудааст, таҳти контроли худ дароваранд.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG