Пайвандҳои дастрасӣ

Ниҳоди муштарак барои арзёбии нигарониҳои муҳитзистии Ӯзбакистон


Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба дархости ҷониби Ӯзбакистон посухи мусбат дода, мувофиқат кардааст, ки як ниҳоди муштарак таъсири корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ба муҳити зистро таҳқиқ намояд. Ба гуфтаи мансабдорони ин Кумита ҷониби Тоҷикистон ҳатто тарҳ ва пешниҳодҳои мушаххаси худро дар ин замина ироа кардааст.
Аммо то кунун ҷониби Ӯзбакистон хомуш аст.
Рустам Латифов муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар ин замина гуфт:
"Аз замоне, ки ширкати Русал барои таҷдид ва тавсеаи корхонаи Алюминиюми Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард, Ӯзбакистон ин масъаларо дар миён гузошт, ки тавсеаи корхонаи алюминиюм боиси олудагии муҳит ва афзоиши бемориҳо дар байни сокинони атрофи ин коргоҳ мешавад. Корхонаи мазкур дар минтақаи марзӣ бо Ӯзбакистон қарор дорад. Масъулини шаркати Русал, ба дунболи ин гуна мавқеъгирии мақомоти Ӯзбакистон гуфтанд, ки Тоҷикистон бояд барномаи коҳиши хатароти ношӣ аз олудашавии муҳит бар асари тавсеаи ин корхонаро бо Ӯзбакистон ҳамоҳанг кунад ва то он замон барномаи тавсеаи ин коргоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Аз ин хотир Тоҷикистон барои ҳалли ҳарчи сареътари ин масъала манфиатдор мебошад.
Оқои Латифов, ки дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекарад ҳам- чунин афзуд, ки ба ҳар сурат ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки таъсири корхонаи алюминиюм ба муҳити зист дар сатҳи минималӣ қарор дорад ва зарари хос ба муҳит ва ҳамин тавр ба саломатии сокинон ворид намекунад. Гузашта аз ин, бо истифода аз технологияи навин, ки қарор аст насб шавад, мизони олудагӣ бештар коҳиш дода хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки гуфт, оқои Латифов Тоҷикистон омодааст дар ин замина чӣ бо ҷониби Ӯзбакистон ва ҳамчунин бо ҳар созмони дигари даъвогар вориди музокира шавад.
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ин Кумита ҳамроҳ бо Комиссияи махсус, назари худро дар бораи корхонаи дуввуми алюминиюм ба ҳукумат пешниод кардааст. Қарор аст ин коргоҳ дар ҷануби Тоҷикистон сохта шавад. Оқои Латифов гуфт, аз чанд ҷои барои сохтмони корхонаи алюминиюм пешниҳодшуда як ҷои муносибтар, ки ба назари Комиссия таъсири камтаре ба муҳит мегузорад, интихоб шуд.
Сохтмони ниругоҳи Роғун мавзуи дигари баҳси зистмуҳитӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст. Ба ақидаи коршиносони кишварҳои ҳамсоя сохтмони обанборҳо метавонад ба олами наботот ва ҳайвонот таъсир расонад ва аз ҷониби дигар ба шӯразоршавии заминҳо ва хушкидани Арал бештар мусоидат кунад. Аммо Алихон Латифӣ собиқ муовини вазири ҳифзи муҳити зистиТоҷикистон ва коршиноси муҳити зист мегуяд, табиист, ки ҳар гуна дигаргунӣ ва иншооти бузург ба муҳит бетаъсир намемонад, аммо таъсири обанборҳо камтарин камтарин аст.
Ба ҳамин тартиб баҳси муҳити зист дар миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон идома дорад ва ин фурсату баҳонаи муносиберо барои ширкати Русал додааст, ки шуруъи саромягузории тарҳҳоро ба таъхир андозад. Аз ҷониби дигар наздикшавии дубораи Ӯзбакистон бо Русия ба назар мерасад, ки ба ин мушкили Тоҷикистон афзуда бошад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе.
XS
SM
MD
LG