Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягона варзишгари тоҷик дар Турин


Лижарон Андрей Дригин ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки ин кишварро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Турини Италия намояндагӣ хоҳад кард.

Дар ин бора Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ рӯзи панҷшанбеи 26 январ хабар дод. Вай гуфт, Андрей порсол дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Швейтсария ва Австрия натоиҷи хуб ба даст оварда, меъёри олимпиро иҷро кард ва барои ширкат дар Олимпиадаи Турин, ки аз 10 то 26 феврал доир мешавад, роҳ ёфтааст. Ӯ рӯзи шанбеи 28 январ озими Италия хоҳад шуд. Ба гуфтаи Фарид Солеҳов бар асоси ҳамкориҳо миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «РУСАЛ»-и Русия ин ширкат ба ҳайси сарпарасти асосӣ барои иштироки ҳайъати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Турин, ки аз чаҳордаҳ нафар иборат аст, кӯмак хоҳад кард. «РУСАЛ» намояндагони Тоҷикистонро бо либоси ягонаи варзишӣ, ки онро соҳибкори душанбегӣ Михаил Пенков ихтироъ кардааст, таъмин месозад.

Фарид Солеҳов дар идома иброз дошт, ширкати «Русал», ҳамчунин дар бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ва омодагии намояндагони Тоҷикистон ба Бозиҳои тобистонаи Олимпии соли 2008 дар Пекин саҳмгузорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG